Бақайдгирии амвол осон шуд
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар се шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд:Хуҷанду Истаравшан ва Б. Ғафуров пурра ба системаи электронӣ гузашт.
Бино ба гуфти директори намояндагии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Суғд, Юсуфҷон Ғафурӣтасмим гирифта шудааст, ки то охири сол тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ин намуди система гузаронанд. Хабарнигори “Тоҷикистон таймс” дар вилояти Суғд бо директори намояндагии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар вилояти Суғд Юсуфҷон Ғафурӣ суҳбат анҷом дод.
-Дар оғоз мегуфтед, ки вазифаи асосии корхонаи Шумо аз чӣ иборат аст вакадом корҳоро ба анҷом мерасонед?
-Фаъолияти асосии корхонаи мо ин бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи молу мулки ғайриманқул, ҳамзамон бақайдгирии пайдоиш, гузаштан, катъи ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад.
-Талаботи бақайдгирии молу мулки ғайриманқулбарои ҳама баробар аст? Ё фарқ, имтиёзе дорад?
-Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба қавле “барои ҳама якхел аст”. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон ба як мақом, яъне КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» муроҷиат намуда, дар баробари иҷро намудани корҳои заминсозӣ, баруйхатгирии техникии биною иншоотҳо бақайдгирии ҳуқуқ ба онҳоро низ дар ҳамин мақомот ба иҷро мерасонанд.
-То замони гузаштан ба системаи электронӣ кадом зинаҳое буданд, ки барои гузариш мусоидат карданд?
-Якбора гузаштан ба система электронӣ албатта кори сода нест. Вале бояд дар замони муосир, ки тамоми корҳову коргузориҳо тариқи шабакаҳои интернетӣ ва системаи электронӣ сурат мегиранд ба ин намуди система гузашт ва мардумро низ водор кард. То замони ҷорӣ намудани системаи электронӣ, “Равзанаи ягона”фаъолият мекард, ки барои ҳалли мушкили сокинон мусоидат мекард.
-Ҳадаф аз ҷорӣ намудани системаи электронӣ дар чист ва то кадом андоза мусоидат ба кори сокинон кард?
-Мақсади асосии мо аз ҳомилҳои коғазӣ ба ҳомилҳои рақамӣ гузаронидани маълумотҳои бойгонӣ ва автоматикунонии бойгониҳо мебошад.
Ҷорӣ намудани системаи электронӣ, пеш аз ҳама кори шарҳвандонро осон кард. Зеро он кору ҳуҷҷатгузориҳое, ки ҳафтаҳову моҳҳо тӯл мекашид, минбаъд дар кутоҳтарин муддат ҳал мешавад. Агар шаҳрванд то дами ба корхона мо омдадан тамоми ҳуҷҷатҳояш омода бошаду танҳо кори бақайдгирӣ монда бошад, тариқи системаи электронӣ дар муддати 25-30 дақиқа молу мулкашро аз қайд мегузаронад. Бо мақсади ҷамъоварӣ ва ташкилии махзани маълумотҳои электронӣ нисбати амалиётҳои баанҷомдодашудаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, аз тарафи мутахассисони корхона дар барномаи Access системаи автоматикикунонии бақайдгирӣ (САБ) таҳия карда шуд, ки мавриди истифода қарор дорад.
-Бештари муроҷиаткунандагон аз деҳот ҳастанд ва на ҳамаи онҳо ба компютер дастрасӣ ва тасаввурот доранд. Магар барои молу мулкашонро ба қайд гирифтан ба мушкилот дучор намешаванд?
-Дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст дастрасӣ ба технолгияи ҳозиразамон, аз ҷумла компютер то ҳол мушкилиҳо дорад. Аммо дар корхонаи мо ҳамаи корҳои техникӣ ба воситаи кормандон сурат мегирад. Шаҳрванд танҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро омода карда, ба дасти мутахассис медиҳад ва молу мулкашро ба қайд мемонад.
-“Ба техника боварӣ нест” мегӯянд. Фарз кардем комютере, ки рӯйхат ва амволи бақайдгирандагон маҳфуз буд, сӯхт ё иллати техникӣ пайдо карда маълумот нест шуд, тақдири онҳо чӣ мешавад?
-Барномаи кории тамоми кормандони дар шаҳру ноҳияҳо будаи мо ба таври автоматӣ ба барномаи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Душанбе пайваст карда шудааст. Ҳар як қайди гирифташуда назорат ва паёпай ба бойгонӣ интиқол меёбад. Дар ҳоли сӯхтан ё дигар сар задни нуқсонҳои техникӣ муаммое намешавад ва маълумот низ гум намегардад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ