Ба Беларус рафтан мехоҳед?
30 август ширкати «Сомон Эйр» парвози чартериро дар масири Душанбе — Минск — Душанбе ба нақша гирифтааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Беларус доранд, имкони парвозро аз Душанбе ба Минск доранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 07:00, аз Минск — 11:30 бо вақти маҳаллӣ мебошад. Бо мақсади парвоз аз Минск ба Душанбе, шаҳрвандони ҳавасманди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина муроҷиат кунанд. Шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Душанбе парвоз кунанд, бояд аз мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дошта бошанд, инчунин раводид (дар ҳолати зарурӣ) ва шаҳодатномаи мавҷуд набудани COVID-19 ҳатмист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ