Ба бозор бо мӯзаи резинӣ биёем? Нигаронӣ аз роҳи бозори марказии Хоруғ

Комчек Мирзоев, сокини шаҳри Хоруғ ва истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ дар саҳифаи фейсбукии худ акси бозори марказии шаҳри Хоруғро гузошта, нигаронӣ аз роҳи хароби бозор кардааст.

Мирзоев мегӯяд, ки дар вақти барфу борон дар бозор роҳ барои роҳгаштан нест, чун ҳамаҷо пур аз кӯли об ва лойқа аст. Солҳои зиёд аст, ки ин масъаларо ба Ҳукумати шаҳр мерасонем, аммо бенатиҷа.

«Ин ягона бозори марказии шаҳри Хоруғ аст, ки тамоми мардуми Бадахшон аз ин бозор молу маҳсулот мехаранд. Ҳамарӯза мардуми зиёде аз назди ин бозор мегузаранд. Ин маконе нест, ки гӯем аз чашми мақомдорон канор афтодааст. Ин роҳро ҳам ҳукуматдорони шаҳр, ҳам соҳибони ин бозор ва ҳам мардуми одӣ мебинанд. Лекин муддати 30 сол инҷониб ҳеҷ кас ба ин мушкилӣ чорае намеандешад.

Дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон низ бозоре ба чунин ҳоли хароб нест. Дар рӯзҳои борону барф мардум чӣ тавр аз ин ҷо гузаранд? Нашавад, ки мардум дигар ба ин бозор бо худ мӯзаи резинӣ биёранд, то ба роҳатӣ хариду фурушашонро анҷом диҳанд. Мегӯянд, ки фарҳанг ва маданияти мардум аз бозор маълум мешавад. Магар бо ҳамин фарҳанг маданият мо Бадахшонро муаррифӣ мекунем? Охир, ин ҷо ғайр аз мардуми муқими Бадахшон, меҳмонҳо аз хориҷи кишвар ҳам меоянд.

Аз мақомдорони ҳукумат умедворам, ин мушкилро дар зудтарин фурсат ҳал мекунанд», — менависад Комчек Мирзоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *