Ба доди мардуми бечора кӣ мерасида бошад?
Шамсулло Фозилов, як фаъоли фейсбук дар саҳифаи худаш менигорад, ки автобусе ки ба тарафи ноҳияи Панҷ равон аст , ба доду войи мусофирон эътибор надода, пайи пайдо кардани мусофирон дар истгоҳи назди “Бозори Саховат” расо ду соат боз одам мекобад…
Ин автобуси ширкати «Эйшн экспресс», ки ба самти ноҳияи Панҷ равон аст, норозигии мусофиронро ба бор овардааст. Бо он ки тибқи қоидаи ҳаракаташ, соати 12 аз автовокзали шаҳри Душанбе баромадаасту бояд давоми 3 ё 3 соату 15 дақиқа мусофиронро ба манзил бирасонад.
Аммо соат аз 14 гузаштаву то ҳануз дар истгоҳи назди бозори «Саховат» ба мусофиргирӣ машғул аст. Норозигии мусофирон бештар аз он аст, ки бо вуҷуди он ки бо арзиши 60 сомонӣ чипта харидорӣ кардаанду дар автобус ҷойи нишаст несту автобус аз одам пур аст, беш аз ду соат аст, ки онҳо дар дохили автобусанду «посадчик»-аш боз мусофир суроғ дорад.
Ин дар ҳолест, ки феълан арзиши роҳкирои таксиҳои самти ноҳияи Панҷ ба 60 ва ҳатто ба 50 сомонӣ поён рафтаасту нархи роҳкирои автобус бошад, 60 сомонӣ боқӣ мондааст.
Аминем,ки дастандаркорони ин соҳа ба ин нигошта таваҷҷӯҳи хоса равон карда, ба доди мусофирон мерасанд. Вагарна, кӣ медонад ин сару садоҳо чӣ балоҳоеро боз ба сари одамон меоварда бошад?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ