Ба Душанбе барои табобати дил дастгоҳи нав ворид шуд
Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи ангиоҷет дастрас гардид. Ин дастгоҳ дар самти ташхису табобати бемории дил муҳим арзёбӣ мешавад.
Вазифаи асосии дастгоҳ аз он иборат аст, ки бе буриши бадани бемор, бе истифода аз беҳискунии умумӣ тавассути сӯрох намудани раги хунгард ба мавзеи басташудаи шараён рафта мерасад. Сипас, ба атрофи хунҳои лахташуда таҳти фишори ниҳоят баланд маҳлул фиристода мешавад.
Дар натиҷа хунҳои лахтае, ки шараёнро бастаанд, мулоим шуда, тавассути сӯрохи дигар бо истифода аз фишори манфие, ки ин дастгоҳ доро мебошад, кашида гирифта шуда, дар натиҷа раги хунгард барқарор мешавад.
Гуфта мешавад, ки дастрас гардидани чунин дастгоҳ ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро боз ҳам осонтар мегардонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ