Ба финали Ҷоми Либертадорес роҳ ёфтани “Флуминенсе”

Дирӯз, 5-уми октябр бозии дуюми марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Либертадорес миёни тимҳои бразилии «Интернасионал» ва «Флуминенсе» доир шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, меҳмонон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, аз ҳисоби натиҷаи ду бозӣ (ҳисоби бозии аввал 2:2) ба финали мусобиқа баромаданд.

Мизбонон нахуст дар ҷараёни бозӣ ба задани гол даст ёфтанд. Дифоъгари марказӣ Габриел Меркадо дар дақиқаи 10-ум муаллифи гол гардид. Голи ҷавобӣ бошад, дар фурсатҳои ахири рақобат ба самар расонида шуд. Дар дақиқаи 81-ум ҳисобро ҳамлавар Ҷон Кеннеди Батиста де Соуза баробар кард. Ҳамлавар Херман Кано ахиран дар дақиқаи 87-уми бозӣ бо голи хеш дастаашро ба финали мусобиқа баровард.

Бо «Флуминенсе» баҳри ҷоиза ғолиби рақобати дигари ниманиҳоӣ аз миёни «Бока Хуниорс» ва «Палмейрас» (ҳисоби бозии аввал 0:0) мубориза мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *