Хатлон: Кумак расид, аммо мошин намерасад (аудио)

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба вилояти Хатлон 17 мошини ёрии таъҷилӣ додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз кам будани мошини ёрии таъҷилӣ ва таъмирталаб будани онҳо ҳамчун мушкилоти меҳварӣ боқӣ мемонад.

Қурбонали Неъматов, корманди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “аз аввали соли равон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум 17 мошини ёрии таъҷилӣ овардаем”. Ӯ мегӯяд, ки мошинҳо ба шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Восеъ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Темурмалик ва шаҳри Бохтар дода шудаанд.

— Баъди ин шароити расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ хеле боло меравад. Нақлиёт истеҳсоли давлати Ҷопон буда, бо таҷҳизоти муосиру зарурӣ таъминанд,- таъкид кард вай.

— Ҳоло дар вилояти Хатлон талабот ба мошини ёрии таъҷилӣ ба 177 адад баробар аст. Вале то охири сол умед аст, ки боз ҳам мошини ёрии таъҷилӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ ворид кунем. Мувофиқи барномаи “Рушди соҳаи тандурустӣ” овардани боз ҳам мошинҳои ёрии таъҷилӣ пешбинӣ шудааст. Бояд ин мушкилӣ зина ба зина бартараф шавад,- меафзояд мавсуф.

Машраби АЛОВИДДИН

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *