Ба Хатлон таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид карданд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба чанде аз муассисаҳои тандурустӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон коргоҳи тавлиди оксиген додааст. Ин дастгоҳ истеҳсоли Туркия буда, арзишаш каме бештар аз 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аст.
Аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар маҷмуъ 9 коргоҳи истеҳсоли оксиген ба вилояти Хатлон ворид карда шудааст. Ба ноҳияҳои Дӯстӣ, Панҷ, Шаҳритус, Ҷайҳун, Восеъ, шаҳри Бохтар, Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови Бохтар ва ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб аз ин таҷҳизот дода шудааст. Боз дар навбати дигар ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тандурустии вилоятӣ дастрас карда мешавад. Воридсозии чунин таҷҳизоти муосири тиббӣ ҳанӯз дар ин минтақа собиқа надоштааст.
Маллазода Саъдулло, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “пештар мо барои беморон оксигенро аз ноҳияи Ёвон ва шаҳри Душанбе меовардем. Албатта, ин бе харҷи маблағ набуд”.
— Кори мо хеле осон шудааст. Бе ташвиши зиёдатӣ ва харҷи маблағ ҳар қадаре, ки оксиген лозим аст, истеҳсол мекунем. Ба ҳар ҳуҷрае, ки бемор бистарӣ мешаваду оксиген лозим аст, хаташро мекашем,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ