Ба худ такя кунему ба Худо таваккул
Мо мусалмонҳо мегӯем: «Худо нишон мета», «Худо мезана», «Худо ҷазирш мекуна»…
20 сол пеш ҳамин шабу рӯз Ироқ, яке аз марказҳои олами исломро ду шахс — Ҷорҷ Буш ва Тони Блейр ба хок яксон карданду як миллион мусалмонро куштанду Саддом Ҳусейнро дор кашиданд ва баъдан гуфтанд, ки бахшишу хато кардем, яроқи атомию химиявӣ наёфтем.
Ҳарду Ҷорҷ Бушу Тони Блейр миллионер, хушбахт, даврони пирӣ меронанд. Ва баъдан боз ғарбиҳо Муаммар Қаззофиро «хомталош» карданду Ливияро харобу боз садҳо ҳазор кушта…
Чаро худо намезанадашон?
Шояд ба худ такя кунему ба худо таваккул?
Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ