Ба истироҳат омад, мусулмон шуд
Шаҳрванди Русия Алексей Белый, ки ба шаҳри Аланяи вилояти Анталия барои истироҳат омада буд, мусалмон шуд ва номашро ба «Алӣ» иваз кард.
Дар муфтиёти Алания маросими қабули дини мусулмонӣ барои ӯ баргузор карда шуд.
Пас аз суханронии муфтии ин вилоят Илҳон, Алексей Белий калимаи шаҳодат гуфт ва мусалмон шуд.
Маълум буд, ки ин марди рус хеле шод ва хушҳол буд. Ӯ мехост номи нав бигирад ва хоҳиш кард, ки ӯро «Алӣ» ном гузоранд. Баъдан, муфтии Алания Илҳон ба Алӣ шаҳодатномаи пазируфтани Исломро супорида, ӯро бо ин ҳодиса табрик гуфт ва ба ӯ Қуръон бо тафсир ба забони русӣ тақдим кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ