Андар гузарам чу бадзабон бисёр аст…

Ба иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 Вокунишии мазкурро ба иқдоми сӯзандаи Иттифоқи нависандагон ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” пешниҳод намудам, вале ҷавоби рад гирифтам. Аз ин рӯ, аз “Тоҷикистон” дархост намудам, ки онро ба нашр расонад.

 Ҷавобан ба гуфтаҳои таҳқиромезу ғаразноки пур аз саҳву хатодор боз мехоҳам қалам ба даст гирам. Гӯё чизе дастамро медорад.  Мабодо дилеро биозорӣ. Сабур бош, то ба дилҳо сур ва дунё нур бахшида тавонӣ.  Аммо масали хомӯшӣ аломати ризо дилро мефишорад, водор ба онам мекунад, ки чизе гуфта бошам.

Дар Қуръони карим сураи Шӯро, оятҳои 39-40 омадааст:

«Онҳое, ки чун бирасад ба онҳо зулму ситаме, интиқом мегиранд. (Зеро ки) ҷазои бадӣ, бадист — монанди он…»

Ба ҳамин маънӣ Саъдии бузургвор фармудааст:

     Бо бадон бад бошу бо некон наку,

    Ҷойи гул гул бошу ҷойи хор хор.

Маҷмӯа «Фурӯғи меҳр» номгузорӣ шуда, 41 ғазали камина дар он ҷой дода шудааст. Маҷмӯа зери назари яке аз беҳтарин шоир, нависанда ва  арӯзшиноси ҷумҳурӣ, директори муассисаи нашриявии «Адиб» Гурез Сафар пешкаши хонандагон шуда буд. Тақризнависи «болоназар» ба куҷо менигарад? Пеши пояшро медида бошад ё на?! Агар медид, чунин муғризона сухан баён намедошт.

Маҷмӯа бе камбудӣ нест. Бо сабабҳои техникӣ дар панҷ-шаш вожа ҳарфҳо иваз шуда, ба ҷойи «а» «о», ба ҷойи «о» «а», дар ҷойе ҳарфи «у», «қ» барзиёд омада ва ҳатто нохунак аз байн рафтааст. Ба ҷои «муроат», «муроот», ба ҷойи «доман -домон», «сурма -сура», «дарёфт — дарёфту» «тоат — тоқат» омадааст. Чунин хатоҳо дар ҳамаи китобҳои  ба табърасида дида мешавад ва хоҳу нохоҳ ба вайроншавии вазну қофия оварда мерасонанд. Муқарризи «шеършинос» навиштааст: «Норасоие, ки дар навиштаҳои Солими Фархорӣ ба назар мерасад, ғалати вазну қофия, номутаносибии калом аз мантиқу маънии одӣ орӣ будани сухан аст». Ва чанд байтро пешкаши хонанда кардааст:

Таҷаллӣ мекунад асҳоби муҳит (?) офтобу моҳ,

Ба ҳукме, ҳар яке сар то ба пош анвор мерезад.

***

Нигоҳи мову ту бегона, гарчи ту,

Имое (?) сӯи дар дорӣ нахоҳам рафт.

Ба ҳамин маънӣ:

Пое шикаст дар шикан(?) дорад мароми мо,

Ки узри лангро асо (?) ночор гаштаем.

***

Чашмаш нарасад(?) ғулу бингар,

Танбаста ба чӯби тӯғ афзун.

Гарданкашу оташин (?) оҳанг,

Дар гардана баста юғ афзун.

Ҷойи дигар айни гуфтаҳои боло бо каме илова «ин қаламкаш» аслан вазну оҳангро намедонанд ва мисолҳои зер ба ин далолат мекунад:

Домани кӯҳи саркаш бӯи баҳор дорад,

Ранги адир дилкаш бӯи баҳор дорад.

Меҳри само табассум бо меҳр(?) сарфи гул кард,

Сардии дай мушавваш бӯи баҳор дорад.

Тоҷи уфуқ (?) хун шуд, майгун (?) шафақ ба чеҳра,

Лола ба дашт майкаш, бӯи баҳор дорад.

***

Эй, хӯшакаш(?) хирманат(?) хирвори зар шавад,

Ҳар донаи киштат(?) пур аз самар шавад.

**

Ин чи савдое, (?) чиҳо мегӯем,

Нокасонро бебаҳо(?) мегӯем.

Ман болотар гуфта будам, ки дар кадом калимаҳо бо сабаби афтидан ё иваз шудани ҳарфҳо вазн ё қофия шояд вайрон шуда бошад. Дар ин байтҳое, ки муаллифи мақола овардааст, дар чанд ҷой аломати савол гузоштааст. Нафаҳмидам, чӣ гуфтан мехоҳад? Вазн  вайрон аст ё «муқарризи муҳтарам» сарфаҳм ба маънии сухан нарафтааст. Ба ҳар ҳол мегӯям, ки нисбати байтҳои овардашуда, аз ҳад зиёд хӯрдагирӣ шудааст. Агар маънӣ меҷуста бошад, ин кори ӯст. Лек ба маънии сухан сарфаҳм наравад, айби мо чӣ?

Муқарризи «ҳамадон» ҷойи дигар овардааст: «Камбудии дигаре, ки дар навиштаҳои Солим ба назар мерасад, ғалати қофия аст». Ва ӯ намунаҳо овардаст:

Ҳавопаймои бахтам мутмаин(?) нест,

На! Хатсайли(?)навинаш ҳам яқин нест.

***

Офтобо, сар барор аз ҷайби шаб,

Қисса мегӯ мӯ ба мӯ дар ғайби шаб.

Ҳолдонро ҳоли ту пинҳон намонд,

Гарчи ту печидаӣ дар савби(?) шаб.

То ҳанӯзам ҳукмрону муҳр баст(?),

Дилсиёҳи рӯсияҳ дар қалби(?) шаб.

Лашкари субҳи саодат панҷа зад,

Чодари зулмат парид аз шавби шаб.

***

Марде ба забон дурӯғ афзун,

Зод оташи бефурӯғ афзун.

Қаллошу чаковаи суханбоз(?),

Чоке ба даҳону «шӯх»  афзун(?).

Пешонаву рӯй шир, аммо,

Бинам зи қафош дуғ афзун.

«Муқарризи муҳтарам» дидаву дониста ҳарфҳо, аломатҳои китобӣ ва ҳатто калимаҳои пурраро партофтааст.

Чунончи:

Чодари зулмат аз шавби шаб.

Дурусташ ин тавр аст:

Чодари зулмат парид аз шавби шаб.

Ҷои дигар:

Ҳарчанд гӯш дорам бар хандаҳои ганда.

Аммо дурусташ чунин аст:

Ҳарчанд гӯш додам бар хандаҳои ганда.

Дар ҷойи дигар омада: «Вижагии асосии навиштаҳои Солими Фархорӣ носолимии андешаву баёни ӯ мебошад. Сухани ӯ то ҳаде торику норавшан аст, ки хонанда маъние бардошта наметавонад». Ба фикри банда хонандаи закӣ маънӣ меёбаду ва ҳам лаззат мебарад.  Дар ҷустуҷӯи айби дигарон набошеду сари тиҳии худро табобат намоед.

Он пешравиҳое, ки даврони соҳибистиқлолият ба даст овардаем, натанҳо чашми шуъла, чашми шумо барин тангназаронро ҳам кӯр кардааст. Эй, муқарризи тангназар! Ба фикрам аз санъати бадеъ, яъне санъатҳои маънавию лафзии сухан бехабаред! Вагарна,  «сардард шудаед,  сабр, ки аз ин бадтараш ҳам аст», намегуфтед.

Дар ҷойи дигар «шеършинос» навиштааст: «Роҳбаста, роҳи маънӣ», «анҷум ситоразор», «тоат шунав», «қалби дарёи шиновар», «олудагавҳар», гӯё ҳазён ё ихтирои калима аз ҷониби камина бошанд.

  1. Роҳбаста, роҳи маънӣ. Гӯш дор, эй харсавори роҳи маънӣ. Дар ин ҷода аспи бодпой ва шаҳсавор бояд буд.

Байте аз ҳамин маҷмӯа:

            Сабқатандӯзӣ, саманд омӯз дар майдони кор,

           Пештозӣ нест кори олами хартозҳо.

  1. Анҷум ситоразор. Маънии луғавии анҷум осмон аст. Осмон ситоразор нашавад, магар бо «ақли солим» ситоразорро шояд дар замин дида бошед?

3.Қалби дарёи шиновар кун, маро.

  Дар кафи амвоҷ соғар кун маро.

Аз барам тардомане гар бигзарад,

Киштиосо банди лангар кун маро.

Дар ин чор мисраъ беҳтарин санъати маънавӣ «мурооти назир», яъне таносуби сухан истифода шудааст. Қалби дарёӣ, шиновар, амвоҷ, соғар, тардоман, киштӣ, лангар, олудагавҳар, садаф аз зумраи таносуби сухан мебошанд. Шумо, ки аз кӯчаи шеър нагузаштаед, ба сӯи дигарон санг напартоед, то рӯзе ҷониби худатон барнагардад.

Ҷои дигар овардааст: «Ғазали дигар низ чӣ қадар беҳудагӯӣ, зиштбаёнӣ ва ҳазён дорад».

Намуна аз ғазали овардаи шумо:

Ҳарчанд гӯш додам бар хандаҳои ганда,

Ҳуш аз сарам паридӣ дар хандаҳои ганда.

Базми бузина дорад, деве ба сина дорад,

Ҷину аҷина дорад, ҳар хандаҳои ганда..

Шумо навиштаед, ки «ғулув бингаред». Дар ин порчаи шеърӣ санъати маънавии тазмин, истиора, маҷоз ва талмеҳ истифода шудааст.

Шарҳи порчае аз ғазали дар боло овардашуда. Байти аввал. 1. Ин ғазал дар ҳамбастагӣ дар вазни ғазали шайх Бедил «Ҳар ҷо нафасе ҳаст, зи ҳастӣ гила дорад» навишта шудааст. 2. Аз шарҳи оёти Қуръони маҷид, ҳадиси Паёмбари гиромӣ (с) истифода шудааст, ки санъати талмеҳ ном дорад. 3. Асоси замин ин хок аст. Заминро модар мегӯянд. Чуноне ки омадааст, Худованд моро аз хок офарид ва боз ба хок бармегардем.  Хок модар аст, модарро панҷа ва панҷаро нигин бояд. Он нақши одам, ки баъд аз вафот мемонад, обилае беш дар пушти замин нест. Обила ин гӯри одамист.

Бори дигар кӣ будани худро дар ҷумлаи «Боварӣ доред, ки ин ҳама сухани асри бисту як аст?», нишон додаед! Дар шеъри ҷамъбастии шумо омада: «Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан».

Дар фароварди сухан мо низ мегӯем:

Андар гузарам чу бадзабон бисёр аст,

Охир чӣ кунам, ки сагдаҳон бисёр аст.

Ай марди хирад, ба роҳи худ рафтан беҳ,

К-ин подахарон ба ҳар замон бисёр аст.

                                                Солими ФАРХОРӣ

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *