Ба кӯдаки дарунрав чӣ додан мумкин?

Бо фарорасии фасли тобистон дарунрав авҷ мегирад. Сабабҳои сар задани ин беморӣ хеле зиёданд. Аз дарунрав бештар кӯдакон азоб мекашанд ва агар дар ин давра тифл ягон ғизои зарарнок хӯрад, ҳолаш бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир, имрӯз мо дар бораи реҷаи ғизои кӯдакони ба дарунрав гирифторшуда маълумот медиҳем. Мехоҳед донед, ки ҳангоми дарунрав ба кӯдак чӣ додан мумкин аст ва аз чиҳо бояд парҳез намуд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

  1. Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки ба кӯдаки шикамрав шуда тамоман хӯрок додан лозим нест. Ин ақида комилан ғалат аст, баръакс дар ин давра фарзанди шумо бояд бештар ғизои солим истеъмол намояд, то ҷисмаш ба муқобили беморӣ мубориза бурда тавонад. Аммо тифлакони шикамрав шуда бояд аз хӯрдани баъзе чизҳо, ки ба ҷойи фоида зарар расонида, ҳоли кӯдакро бадтар месозанд, парҳез намояд. Маҳз аз кадом ғизоҳо бояд парҳез кард, инро духтури кӯдакона-педиатор пас аз  ташхис ва аниқ кардани сабаби ба шикамрав гирифтор шудани кӯдак муайян мекунад, вале баъзе хӯрданиҳое ҳастанд, ки сарфи назар аз сабаби беморӣ ба кӯдаки шикамравшуда доданашон манъ аст.

Ба кӯдак дар давраи беморӣ чӣ додан мумкин аст?

Ба кӯдаки шикамрав шуда метавонед бе ягон тарсу ҳарос хӯрданиҳои зеринро диҳед:

Нони гандумӣ, шӯрбо бо гӯшти қиммашудаи гов, гӯшти гург ва паррандаҳои дигар, гӯшти камравғани гов, моҳӣ (камравған бошад), творог, шавлаи биринҷӣ ё ҷавӣ, картошкаю сабзӣ ва дигар навъи сабзавоти ҷӯшонидашуда, себи дар тафдон пухтагӣ, чака ва кисел, компот, оби хулул-шиповник.

Кӯдаки шикамрав аз чиҳо бояд парҳез кунад?

Ба кӯдаке, ки ба шикамрав гирифтор шудааст, додани ин чизҳо манъ аст:

Нони ҷав, макарон, шӯрбои серравған, моҳии сурхи серравған, тухмбирён ва тухми дар об ҷӯшонидашуда, маҳсулоти ширӣ, йогурт, сабзавоти хом, шавлаи гандумӣ ва перловка, шириниҳо аз ҷумла шоколад ва торт, шарбатҳои мевагӣ (сок), қаҳва, какао, меваҳои ситрусӣ аз қабили апелсин ва мандарин.

Ба кӯдаки бемор кай ва чӣ қадар бояд хӯрок дод?

Аслан реҷаи ғизохӯрии кӯдакро дар давраи беморӣ табиби кӯдакона муайян мекунад, вале баъзе маслиҳатҳои муфиде ҳастанд, ки ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд:

  1. Майлу хоҳиши кӯдакро бояд ба назар гирифт. Фарзандатон хӯрок хӯрдан нахоҳад, ҳаргиз ӯро маҷбур накунед, зеро ин амал метавонад боиси қай кардани кӯдак гашта, ҳолашро бадтар созад. 
  2. Дар рӯзи аввали беморӣ ба кӯдак хеле кам хӯрок дода, бештар об нӯшонед.
  3. Биринҷи ҷӯшонидашуда ҳангоми шикамрав хеле фоидабахш мебошад. Рӯзи аввал онро кам-кам дода, минбаъд миқдорашро оҳиста-оҳиста бештар созед.
  4. Аз рӯзи дуюми беморӣ метавонед кам-кам хӯрокҳоеро, ки хӯрданашон зарар надорад, ба фарзандатон додан гиред. Ғизое, ки кӯдак истеъмол мекунад, бояд ба синну солаш мувофиқат намояд.
  5. Ба кӯдаки шикамрав шуда ҳарчӣ бештар об додан лозим аст, то ки организми тифл ба мушкилоти беобгӣ гирифтор нашавад.
  6. Ба кӯдаки шикамрав оби намакдошта (регидрон) ва шарбати хуч диҳед.
  7. Фаромӯш насозед, ки баъди ҳар дафъаи шикамаш рафтан кӯдак бояд ҳатман оби ҷӯшидагӣ нӯшад.

Агар кӯдак то яксола бошад, чӣ бояд кард?

Агар фарзанди шумо ширмак ва то яксола бошад, набояд ӯро бе ғизо гузоред, зеро ин метавонад боиси норасоии сафедаҳо дар ҷисми тифлак гашта, ҳолаташро вазнин созад. Кӯдаки то яксоларо ҳангоми шикамрав кам-кам, вале тез-тез макондан лозим аст, зеро дар таркиби шири модар моддаҳои муфиде мавҷуданд, ки ба зудтар  нигоҳ доштани дарунрав мусоидат менамоянд.

Кӯдак ширӣ сунъӣ мехӯрад?

Шумо бо ягон сабаби узрнок ба фарзандатон ба ҷойи шири сина шири сунъӣ медода бошед, ҳангоми шикамрав шуданаш миқдори онро зиёд накунед. Дар ин давра баръакс аз давраи сиҳатии кӯдак як маротиба камтар бояд шири сунъӣ дод. Ҳангоми шикамрав якбора иваз намудани шири кӯдак қатъиян манъ аст. Дар ин давра шумо набояд фарзандатонро аз як навъи шир ба навъи дигари шири сунъӣ гузаронед, зеро ин метавонад боиси аксуламали организми тифл гардад.

Дар кадом ҳолат бояд ба духтур муроҷиат кард?

Аксари волидон шикамравро чандон бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, кӯшиш мекунанд, ки бо додани доруҳои ҳархела ба кӯдак мустақилона ин мушкилотро ҳал кунанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо шикамрав оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад. Аз ҳамин хотир, дар ҳолатҳои зерин ҳатман ба духтур муроҷиат крадан лозим аст:

  1. Дар баробари шикамрав кӯдак қай мекарда бошад
  2. Табби кӯдак баланд шуда, беҳолу бемадор ба назар расад.
  3. Шикамрав дар 2-3 рӯз қатъ нагашта, баръакс зиёдтар шавад.
  4. Ахлоти кӯдак хунолуд ё парда дошта бошад.
  5. Кӯдак дар муддати кӯтоҳ вазнашро аз даст дода, лоғар шавад
  6. Дар кӯдак нишонаҳои табларза мушоҳида шаванд.
  7. Кӯдак аз ҳуш мерафта бошад.

Дар чунин ҳолатҳо шумо бояд фавран “Ёрии таъҷили”-ро хабардор созед ё мустақилона кӯдакро ба наздиктарин беморхонаи кӯдакона баред.

Умедворем, ки маслиҳатҳои мо дар мубориза бо шикамрав ба шумо-падару модарони азиз ёрӣ медиҳанд. Боқӣ ба шумо ва фарзандонатон тани сиҳат хоҳонем.

Бознашр аз “Оила”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *