Ба кӯҳ бархӯрдани чархболи кӯҳнавардон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯд, ки чархболи ҳомили кӯҳнавардон ҳини бозгашт дар поёноби пиряхи Фортамбек дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), ба кӯҳ бархӯрдааст.

Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ) 7495 метр баландӣ дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, айни ҳол ба маҳали ҳодиса 3 чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шуда, амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад. То ба ҳол сарнавишти кӯҳнавардон ва, инчунин, се сарнишини чархболи МИ-8, номаълум аст.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шаби 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби раҳбарияти ин ниҳод, Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ комиссияи давлатӣ ташкил шуда ва бо се чархбол ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол бинобар қатъи тамос бо маҳалли ҳодиса маълумоти бештар дар даст нест ва сарнавишти кӯҳнавардон ва сарнишинони чархбол номаълум аст.

Ҳувияти кӯҳнавардон то ба ҳол маълум нест. Ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, дар миёни қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Русия, Белорусия ва Испания ҳастанд. Аммо ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *