Ба мавзуи азнавбақайдгирии симкортҳо дар нишасти ВКД ҳам таваҷҷуҳ зоҳир шуд
Доир ба тамдид шудан ё нашудани муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 дар нишасти хабарии ВКД ҳам таваҷҷуҳ зоҳир шуд ва вазир гуфт, ки тамдид имконнопазир асте.
— Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо тамдид шуда буд ва вақт кам мондааст, симкортҳоро ба қайд гиред,- гуфт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол 2,4 миллион муштарии алоқаи мобилӣ симкортҳоро бо шиносномаи намунаи соли 1996 истифода мебаранд, ки аз ин шумора 1,8 миллион нафар муштариёни фаъоланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ