Ба модарам нафрат дорам…

Мо дар оила ду писару як духтар ҳастем. Бародаронам кайҳо соҳиби хонаю дари худ бошанд ҳам, ман ба сӣ даромада, харидор наёфтаам.

Духтари худотарсу покдомон ва панҷ панҷаам ҳунар аст, вале аз рӯйи шаттоҳии модарам касе маро талабгор намешавад. Аслан, дар ҳаққи модар носазо гуфтан гуноҳи азим аст, вале ногуфта ҳам наметавонам. Модарам зани бародари калониямро бад мебинад. Шояд шумо гумон кунед, ки янгаам нисбати модарам ноҳурматӣ мекунад, вале дар асл чунин нест. Келини калонӣ ҷавонзани хуб, меҳрубон ва дидадарост, аммо модарам аз сари рашк ба ӯ рӯз нишон намедиҳад. Бародарам бачаи пулёб аст ва барои зану фарзандонаш тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам овардааст. Модарам зиндагии осудаҳолонаи онҳоро дида рашк мебарад ва мудом келини калониашро дар назди мардум бад карда ҷодугар мебарорад. Мо ҳавлии дакаданг ва беҳтарин шароитҳои зиндагиро дорем, вале ин ҳама дар назари модарам кам менамояд. Мақсади модарам танҳо як чиз аст, ба пули акаам хӯҷаинӣ кардан, вале ӯ ба мо кам-кам ёрӣ расонад ҳам, даромади асосиашро ба зану кӯдакони худаш сарф мекунад. Модарам сабаби чунин рафтор кардани акаамро дар ҷодугарии занаш дониста мегӯяд, ки ин келини касофат даҳону забони писарамро бо сеҳру ҷоду баста, ӯро хар карда, савор шудааст. Тамоми ҳаққу ҳамсояҳо медонанд, ки айб на дар янгаам, балки дар модарам аст, барои ҳамин дар рӯяш чизе нагӯянд ҳам, дар ғайбаш аз ӯ бо бадӣ ёд карда ҷанҷолхолааш меноманд. Хонандагони азиз, шояд шумо маро маломат намоед, ки модари худамро ин қадар сиёҳ карда истодаам. Ростӣ, ман дар ин бора чизе навиштанӣ набудам, аммо ҳодисае, ки чанде пеш рӯй дод, маҷбурам кард, ки қалам ба даст бигирам. Хабар омад, ки додари янгаи калониям, ки дар Амрико таҳсил мекард, бар асари бемории дил фавтидаасту ҷасадашро ба деҳа меоранд. Мо ҳама инро медонистем, танҳо янгаам бехабар буд. Ҳамон шабу рӯз бо ду чашми сарам медидам, ки чӣ тавр модараму янгаи хурдиам аз шунидани ин хабари шум курта-курта гӯшт гирифта, шодию хурсандӣ мекунанд, вале лаб зери дандон гирифта чизе намегуфтам. Рӯзе модарам ба келини хурдӣ, ки хеши наздики худаш аст, бо шодмонӣ гуфт: “Хуб шуд, ки додараш мурд. Ин маймуни ҷодугар дигар каттагӣ намекунад…”  Янгаи хурдиам сар ҷунбонда табассум намуд. Ман, ки либос мешустам, тоқат накарда, бо овози баланд фарёд задам: “Шумо имон доред ё не?! Бигузор, янгаам дар назди шумо гуноҳи азим карда бошад, вале он ҷавони аз сад гулаш як гулаш нашукуфта чӣ гуноҳ дошт, ки аз мурданаш ин қадар хурсандӣ мекунед?! Худо накарда ҳамин рӯзи сиёҳ ба сари худатон биёяд, чӣ кор мекунед? Аз парвардигор битарсед!”  Модарам бо ғазаб сангеро аз замин бардошта ба сӯйи ман ҳаво дод ва бо тамоми овоз фарёд зад: “Бар падарат лаънат қанчиқи ҳаром, аз кай боз ту тарафдори янгаи ҷодугар шудӣ?!”

Хайрият, ки санг ба сарам назад, вагарна мағзи сарам пош мехӯрд.

Дигар чизе нагуфта либосҳоро ношуста офтоб кардам ва ба хона даромада хуб гиря кардам.

Пас аз ду рӯзи ин воқеа ҷасади додари янгаамро оварданд. Хурду калон барои шаҳбачаи ҷавонмарги ормонӣ хун гиря мекарданд. Модарам ба азохона рафта, баробари мардум гиря кард, янгаи хурдиям ҳам, вале гиряҳои бардурӯғи онҳо ғаши маро меовард.

Аз ҳамон рӯз дилам аз модарам монд, охир одами мусалмон ҳатто аз марги душмани ашаддитаринаш ҳам набояд шодӣ кунад, чунки ин дунё саройи ду дар аст ва хоҳ-нохоҳ ин рӯзи сахт ба сари ҳама меояд. Одамони хуб ҳатто аз марги як чӯҷаи гунҷишк дилхун мешаванд, вале ин ду худобехабар аз марги як ҷавони зебои ормонӣ шодмонӣ карданд. Дилам кӯзаи зардоб гаштааст, охир ба азизтарин кас-модар нафрат парваридан дар умқи сина дард асту гуноҳ……..

Судоба

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *