Ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад

Қарор аст, парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати сардори пешини дафтари матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев имрӯз, 29-уми июл оғоз шавад. Улуғхоҷаев бо моддаи «хиёнат ба ватан» айбдор мешавад ва парвандаи ӯ мақоми «махфӣ» гирифтааст.

Парвандаи ҷиноии Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро дар моҳи апрели соли равон муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти миллӣ муштаракан мавриди таҳқиқ қарор дода буданд.

Улуғхоҷаев ба он айбдор мешавад, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро ба созмонҳои хориҷӣ додааст. Дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 10-уми апрел боздошт шуда буд.

Зебо Улуғхоҷаева, модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфта буд, ки мақомот рӯзи 16-уми апрел манзили писарашро кофтукоб карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот аз боздошти Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сабабҳои он ва кофтукоби манзили ӯ расман хабаре нашр накарданд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, ба қавли ҳамкорони собиқаш, 36 сол дошта, риштаи физикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта дар оҷонсии «Азия-Плюс» ва баъдан дар вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси як корманди техникии дафтари матбуот кор кардааст.

Соли 2009 ба кор дар Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ гузашт. Ин ҷо низ корро аз наворбардориву иҷрои масъулиятҳои фаннӣ шурӯъ карда, баъдан дар соли 2014 масъулиятҳои сухангӯ ва иртибот бо матбуотро ба дӯш гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *