Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ 4 рӯз истироҳат эълон шуд

Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Имсол ба ин муносибат  реҷаи рӯзҳои корӣ тағйир ёфт.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, барои рӯзҳои истироҳатии пай дар пай сокинони кишвар рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, яъне 22 июн кор мекунанд ва рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда 28 июн истироҳат хоҳанд кард.

Ҳафтаи оянда сокинони Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе то рӯзи душанбе, яъне рӯзҳои 27, 28, 29 ва 30 июн  истироҳат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *