Ба муомилот баровардани доллару евроҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шуд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ марди 33-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғази қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ин мард 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ машғул мебошад, 1 адад гарданбанди тиллоӣ ва 1 адад дастмонаи тиллоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ карда, онҳоро гирифта, бар ивазаш 70 адад купюраи 100-доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38 адад купюраи 50-евроӣ, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 еврои қалбакӣ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
— Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи коршиносон купюраҳои мазкур бо тарзи дастгоҳи чопии ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шудаанд. Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ