Ба нашр расидани тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони кишвар- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Бахтиёр Худоёрзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент С. Муқимӣ ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Даврон Ҳошимзода таҳия гардидааст, нашр гардид.
Тавре Раиси Суди конститутсионӣ, академик Маҳкам Маҳмудзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, ҳангоми таҳияи тафсири Кодекси меҳнат теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, қонунунгзории дигар давлатҳо ва таҷрибаи татбиқи онҳо, амалияи судӣ вобаста ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ҳамчунин таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ мавриди таҳқиқу истифода қарор дода шуданд.
Инчунин дар тафсир фаҳмиши дурусту ягонаи муқаррароти қонунгузории меҳнат, аз ҷумла моҳияти ҳуқуқӣ ва амалии ҳар як меъёри Кодекси меҳнат шарҳ дода шуда, тавсияҳо барои аз ҷониби истифодабарандагони он дуруст дарк намудани меъёрҳои мавҷуда ва дар амалияи муносибатҳои меҳнатӣ татбиқ намудани онҳо пешниҳод гардидаанд.
Дар сарсухани тафсир, аз ҷумла омадааст, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар бо маром идома дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми заминаҳои қонунгузории кишвар такмил ёфтанд ва онҳо муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро зери танзими ҳуқуқӣ қарор доданд.
Ҳуқуқи шахсро ба меҳнат муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, муқаррар мекунад, ки ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ дошта, дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият ва ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудани шахс, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун манъ мебошад.
Дар асоси муқаррароти Конститутсия 15 майи соли 1997 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ду даҳсола муносибатҳои меҳнатиро мавриди танзим қарор дод. Дар муддати амали Кодекси зикршуда бо мақсади такмили он ва танзим намудани муносибатҳои нави дар соҳаи меҳнат ба миён омада ба он беш аз даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аммо, новобаста ба такмили Кодекси меҳнати қаблан амалкунанда, он муносибатҳои меҳнатии мавҷударо зери танзими дахлдори қонунӣ қарор надода, муқаррароти он бинобар тағйироти зиёд душворфаҳм гардид. Инчунин дар таҷриба падидаҳо ва меъёрҳои наве, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнат иртибот доранд, ба миён омаданд, ки бояд онҳо дар қонунгузории меҳнат инъикоси худро пайдо мекарданд.
Ҳамаи ин омилҳо сабаби он гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки поягузори қонунгузории муосири кишвар мебошанд ва ба рушди низоми ҳуқуқи ватанӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, бо мақсади такмили манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр карданд.
Дар асоси ин гуфтаҳои Сарвари давлат бо мақсади таҳияи Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва олимони соҳаи ҳуқуқ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ, кафолатҳои ҳифзи меҳнат, ба инобат гирифтани падидаҳои қаблан дар қонунгузорӣ мавҷуд набуда, зери танзими пурра қарор додани муносибатҳои меҳнатӣ ва содаю оммафаҳм гардонидани муқаррароти ҳуқуқӣ дар ин самт Кодекси нави меҳнатро таҳия намуданд. Соли 2016 он аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардид ва пас аз интишори расмӣ аз 28 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.
Бо қабули Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси қаблии меҳнат ва як зумра қонунҳои дигар аз эътибор соқит дониста шуда, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат такмил ёфта, ба Кодекси нави меҳнат мутобиқ гардонида шуданд.
Бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Кодекси меҳнат як зумра дигар санадҳои зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, ки вазифаи асосии онҳо фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ буда, барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии кормандон равона гардидаанд.
Ҳамаи ин собит месозад, ки давлату Ҳукумати кишвар бобати таъмини амалишавии ҳамаҷонибаи принсипҳои озодии меҳнат, манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ, манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ, кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон ва дигар кафолатҳои қонунӣ дар соҳаи меҳнат мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бояд дар назар дошт, ки муносибатҳои меҳнатӣ муносибатҳои маъмули ҳуқуқӣ ба шумор рафта, байни корманд ва корфармо барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар таҷриба ҳолатҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ дар татбиқи дурусти муқаррароти қонунгузории меҳнат, ки зимни пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ҳалли мушкиливу баҳсҳои меҳнатӣ ва фаҳмиши дурусту ягонаи муқаррароти қонунгузории меҳнат мушкилӣ мекашанд, ки ин омил дар натиҷа сабаби ба миён омадани норозигӣ ва баҳси меҳнатӣ мегардад.
Аз ин рӯ, муаллифони тафсири Кодекси меҳнат ҳолатҳои зикршударо ба инобат гирифта, ин китобро омода намуданд. Дар доираи он кӯшиш ба харҷ доданд, ки моҳияти ҳуқуқӣ ва амалии ҳар як меъёри Кодекси меҳнатро ба қадри имкон шарҳ дода, тавсияҳои худро баҳри аз ҷониби истифодабарандагони он дуруст дарк намудани меъёрҳои мавҷуда ва дар амалияи муносибатҳои меҳнатӣ татбиқ намудани онҳо пешниҳод намоянд.
Ҳангоми таҳияи тафсири мазкур теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, қонунгузории дигар давлатҳо ва таҷрибаи татбиқи онҳо, амалияи судӣ вобаста ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ҳамчунин таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ мавриди таҳқиқу истифода қарор дода шуданд.
Яъне, муаллифон зимни таҳияи тафсири мазкур аз принсипҳо, категорияҳо ва усулҳои муқоисавии ҳуқуқии қонунгузорӣ бобати таҳлилу пешниҳоди фаҳмиши ягонаи ҷанбаҳои мухталифи меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ, ки аз таҷрибаи мавҷуда ба миён меоянд, ба таври васеъ истифода намуда, назари ҳуқуқии худро дар он ифода намудаанд.
Ҳайати муаллифон зимни рӯи коғаз овардани тафсири мазкур кӯшиш намуданд, ки донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалии худро ба таври васеъ истифода намуда, ҳарчи бештар иттилооти заруриро оид ба фаҳмиши мазмуну муҳтавои муқаррароти Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ нигаронида шудаанд, пешкаши хонандагон гардонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ