Ба Низомхон Ҷӯраев кӣ паспорти қалбакӣ сохт?

Як корманди ЗАГС-и ноҳияи Сӯзаки Қирғизистон бо иттиҳоми додани шиносномаи ин кишвар ба соҳибкори фирории тоҷик Низомхон Ҷӯраев боздошт шудааст.

Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, ки дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт, моҳи январ дар фурудгоҳи Киев бо шиносномаи қирғизӣ дастгир шуд, вале Украина ӯро ба Тоҷикистон насупурд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон эътироф кард, ки дар ҳақиқат ГРС – Хадамоти давлатии сабти номи ин кишвар ба шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, ки ба воситаи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Қирғизистонро додааст.

Дар маркази матбуоти вазорати дохилаи Қирғизистон рӯзи 20 июн ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд: «Рӯзи 18 июн дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони хадамоти милитсияи криминалии ВКД Қирғизистон сармутахассиси ОПРН ДРНАГС(Департаменти сабти номи аҳолӣ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ)-и ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистонро бо гумони содир кардани ин ҷиноят дастгир карданд. Гумонбар ба боздоштгоҳи Бишкек оварда шуд ва тафтиш идома дорад.”

Тафтишот мегӯяд, мақомоти шуъбаи шиносномадиҳӣ ва сабти номи аҳолӣ (ОПРН)-и ноҳияи Сӯзак дар соли 2014 ба як шаҳрванди хориҷӣ аввал шиносномаи Қирғизистони намунаи соли 2004-умро додаанд. Дар соли 2017 бар асоси ин шиносномаи қалбакӣ ин шаҳрванди хориҷӣ аз ОПРН-и ноҳияи Балиқчии вилояти Иссиқкӯл шиносномаи нави Қирғизистонро ба даст овардааст.

Намояндаи ВКД Қирғизистон гуфт: «Кормандони милитсияи криминалӣ муайян карданд, ик аз ин шиноснома шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, соли таваллудаш 1967, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, истифода мебурд. Маълум шуд, ки кормандони ГРС шиносномаро ба як номи сохта пур кардаанд ва ба он баъдан сурати Низомхон Ҷӯраевро часпондаанд.”

Моҷарои бо шиносномаи қирғизӣ фирор кардани соҳибкори дар гузашта матраҳи тоҷик Низомхон Ҷӯраев моҳи январи соли ҷорӣ замоне ошкор шуд, ки Ҷӯраевро ҳангоми гузаштан аз хатти марз дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев, пойтахти Украина дастгир карданд. Ҷӯраев рӯзи 11 январ ба далели вуҷуди номаш дар рӯйхати Интерпол боздошт шуд, вале додгоҳи ноҳияи Бориспол алакай рӯзи 13 январ ӯро озод кард.

Низомхон Ҷӯраев, ки як силсила аз корхонаҳои саноатии шаҳри Исфараро дар ихтиёр дошт ва вакили маҷлиси вилояти Суғд ҳам буд, соли 2007 замоне аз Тоҷикистон фирор кард, ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи аз дахлнопазирии вакилӣ маҳрум кардани ӯ ва иҷозат додан ба ҳабсашро баррасӣ мекард. Баъди фирори Ҷӯраев мақомот 31 нафар аз хешовандон ва шарикони ӯро дар Исфара дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Қазияи онҳо бо номи «парвандаи исфарагиҳо” машҳур буда, дар вақташ сабаби барканории Бобоҷон Бобохонов аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон ҳам шуд. Бобохонов бар ин буд, ки кормандони Агентии зидди коррупсия аксари ин афродро ғайриқонунӣ маҳкум кардаанд.

Худи Низомхон Ҷӯраев, ки ибтидо дар Дубай ва сипас дар Маскав ба сар мебурд, моҳи августи соли 2010 дар Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд ва танҳо дар ибтидои соли 2012 аз боздошт раҳо шуд. Русия аз истирдоди ӯ ба Душанбе худдорӣ кард, вале чанд рӯз баъди раҳоияш Низомхон Ҷӯраев ба таври асроромез аз Маскав ғайб зад.

Ӯ ҳамин тавр ногаҳон моҳи апрел дар телевизиони давлатии Тоҷикистон зоҳир шуд ва гуфт, ихтиёран ба Ватан баргаштааст, то бегуноҳиашро исбот кунад.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки Низомхон Ҷӯраев баъди бозгашт чандин моҳ дар бинои Агентии мубориза бо коррупсия зиндагӣ мекард. Ҷӯраев баъди баргаштанаш дар таъқиби соҳибкорони дигар ба мақомоти Агентӣ кумак кард ва аз ҷумла вазири собиқи саноат Зайд Саидовро айбдор кард, ки корхонаи «Тоҷикатлас”-ро аз вай маҷбуран кашида гирифтааст.

Моҳи июни соли 2014 Низомхон Ҷӯраев ҳамон тавре ки ду сол қаблаш дар Душанбе ногаҳонӣ пайдо шуд, боз ҳам ногаҳон ғайб зад. Роҳбарони Агентии мубориза бо коррупсия мегуфтанд, ки Низомхон Ҷӯраев дар як манзили иҷора зиндагӣ мекард ва аз ҳамон ҷо фирор кардааст.

Бархе ҳадс мезаданд, ки имкони фирор ба Ҷӯраев ҳамчун нархи хидмату ҳамкориаш, бахусус дар парвандаи Зайд Саидов дода шуд. Фарзияе ҳам буд, ки шояд ӯро аз байн бурда бошанд. Аммо баъди чанде мақомоти Душанбе Низомхон Ҷӯраевро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд, ки ин фарзияҳои дигаре, аз ҷумла азми даст ёфтан ва тақсим кардани миллионҳо доллар сарвати Ҷӯраев дар бонкҳои хориҷиро низ ба вуҷуд овард.

(Ахбор)

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *