Ба номи нафақахӯрону ба коми Хосият
Бино ба иттилои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Хосият Муродалиева,ки ба ҳайси нозир хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор мекард аз моҳи майи соли 2013 то ноябри соли 2016 аз номи нафақахӯрони ноҳия 71 ҳазору 862,15 сомонӣ гирифтааст.
Ба гуфти манбаъ муттаҳам маблағҳоро аз бонк тариқи тайёр кардани расидҳои қалбакӣ мегирифтааст: “Аз ҷумла дар моҳи август дар ду ҳолат маблағи 1454 сомонӣ, моҳи сентябр 1221,20 сомонӣ, моҳи октябр маблағи 5263,8 сомонӣ моҳи ноябри соли 2016 ба маблағи 9881,94 сомониро бо тартиб додани расидҳои қалбакӣ аз филиали бонки дар Балҷувон гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”.
Айни ҳол алайҳи Хосият Муродалиева барои исрофкорӣ ва сохтакории хизматии Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ