Ба Оҷонсии мубориза бо коррупсия кӯмак кунед

Ниҳоди муборизакунанда бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон бо боз кардани шуморае дар Viber ва Whats App аз мардум хостааст, ки дар амри мубориза бо ришвахориву фасод ба онҳо кӯмак кунанд.

Дар баёнияи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз рӯзи 4-уми феврал омадааст, ки «оҷонсӣ тасмим гирифт, ҷиҳати ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ, муайян кардани хатарҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Viber» ва «Whats App» ба роҳ монад.»

Аз ин лиҳоз ба гуфтаи оҷонсӣ шаҳрвандон метавонанд, дар сурати ру ба ру шудан бо омилҳои коррупсионӣ бо шумораи (+992) 880-00-63-77 ба кормандони онҳо муроҷиат кунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, муборизаи босамар бо фасоду ришвахорӣ бе кӯмаки мардум ба даст намеояд. Худи мақомоти Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки ришваву фасод дар бисёре аз сатҳҳои ниҳодҳои давлатӣ реша давонидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *