Ба қобилияти “Қобил” қоилам

 Охирон маротиба соли 2013 ба тамошои намоиши театрӣ рафта будам. Сабаби наздики 5 сол  дигар қадам ба даргоҳи театр намонданам писанд наомадани ҳамон намоишнома буд (албатта, ки ном намебарем).

 

                                                              Лаҳзаи намоиш

Аммо санаи 6-уми сентябр фирам оид ба театр дигар шуду дилам гарм. Зеро дар ин сана  дар Театри ҷавонони шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши спектакли “Қобил” ба саҳна гузошта шуд. Ростӣ пас аз тамошои ин намоиш ба қобилияти “Қобил” қоил мондам. Танҳо баъди тамошои нахустнамоиши спектакли “Қобил” дарк кардам, ки  назар ба гузаштаҳо, барномаҳои театрӣ имрӯз аҳамияти бештар пайдо кардаанд. 

 

Намоиши “Қобил”, ки  аз мушкили доғи ҷомеа, яъне  -ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ қисса мекард аҳамияти муҳими тарабиявӣ дошт. Ғолибияти қувваи некӣ бар бадиро пас аз тамошои намоиши “Қобил” бори дигар дарк кардам.

“Қобил” достони ду фарзанди як модар — Қобилу Ҳобил аст. Достон ихтилофҳои иҷтимоии бародарони хуниро ба риштаи таҳлил кашидааст, ки яке рисолати неку хуб дорад ва дигар дар ниҳоят террорист, аммо аз бадрафториҳои худ пушаймон мешавад.  

Лаҳзаи намоиши «Қобил» дар акс Ҳобил

Намоиши “Қобил дар асоси лоиҳаи «ТЕАТР зидди хушунат ва ҷанг” ба саҳна гузошта шудааст. Лоиҳа дар асоси асари яке аз шоирони машҳури балвогари назми романтикии Англия –Ҷорҷ Байрон ва ривояти библия ва ҳадиси исломӣ оид ба Қобилу Ҳобил таҳия гардида, мутобиқати асар аз ҷониби Нафас Шодмон ва Авлиёқулӣ Хуҷақулӣ сурат гирифтааст.

 

 

 

                                                                                                                                    Фарзона Муродӣ 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: Ба қобилияти “Қобил” қоилам – Театри Конибодом

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *