Баҳодур аз мусобиқоти Осиё медали тилло овард
Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкоки Тайланд дар вазни 64 килограмм дар миёни мардҳо қаҳрамони Осиё шуд.
Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкоки Тайланд дар вазни 64 килограмм дар миёни мардҳо қаҳрамони Осиё шуд.
Баҳодур Усмонов, ки дар вазни зери 64 килограмм дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон пирӯз шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғолиб омада, дар нимфинал бар варзишгари Қазоқистон — Саматалӣ Толтаев ғалаба ба даст овард. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун -Обада Ал-Касбе ғолиб омада, дар вазни 64 кг миёни мардон қаҳрамони Осиё шуд.
Баҳодур Усмонов таҳти роҳбарии мураббии маъруф — Мирзо Шамсиев тамрин мекунад ва моҳи феврали имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қирғизистон низ соҳиби медали тилло гардида буд. Баҳодур баъд аз 8 сол медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба боксро ба Тоҷикистон овард.
Миҷгона Самадова, ки дар вазни зери 57 кило дар даври муқаддамотӣ бар Сония Султонқизӣ аз Қазоқистон пирӯз шуд, дар чорякфинал аз Ёдгорой Мирзоеваи ӯзбекистонӣ мағлуб гашт.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс аз 19 апрел миёни мардон ва занон шурӯъ шуда ва имрӯз, 26 апрел поён ёфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Бангкок 304 варзишгар (192 мард ва 112 зан) аз 34 кишвари ин қора ширкат карданд.
Дар мусобиқоти Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар Таиланд Тоҷикистонро Шермуҳаммад Рустамов, Сомон Ҳабибов, Баҳодур Усмонов, Мирзомуҳаммади Бахтиёр, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, ҳамчунин байни занон Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Идимоҳ Холова ва Нилуфар Бобоёрова намояндагӣ карда, аксари онҳо ба дарёфти зинаҳои аввал ва ҷоизаҳои мусобиқа ноил гардида натавонистанд.
Соли 2011 муштзани маъруфи кишвар — Анвар Юнусов дар вазни 56 кг дар Кореяи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд. Ҳамчунин, Ҷаҳон Қурбонов соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2010 чемпиони Осиё оид ба бокс гардида буданд. Ҳамчунин, ки дар мусобиқоти пешини Осиё оид ба бокс дар соли 2017 дар Тошканд муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ