Баҳодури Ғафурзод рақиби Бред Пит мешавад?

Баҳодури Ғафурзодро чанд сол қабл мухлисони ҳунараш ҳамчун шогирди Садриддини Наҷмиддин қабул карда, гарм истиқбол гирифтанд. Ин ҷавони ҳунарманд дар баробари садои  ширадору дилнишин ҳамчунин аз фазилатҳои неки инсонӣ бархурдор буда, тавонист бо хоксориву одоби ҳамидааш дар дилу дидаи мардум маъво бигирад.

Ҳаводоронаш Баҳодурро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд ва аз фурсат истифода бурда, мо ӯро ба меҳмонии “Оила” даъват намудем, зеро кайҳо боз ташнаи дидораш будем.  Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо ин ҳунарманди асил пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

-Баҳодур, аввалан Шуморо ба идораи ҳафтаномаи «Оила» хайрамақдам мегӯем!

-Ташаккур ба шумо, кормандони нашрияҳо, ки гоҳ-гоҳ мо, ҳунармандонро суроғ мекунед ва аз ҳолу аҳволамон пурсон мешавед.

-Вақтҳои охир шуморо дар экран хеле кам мебинем…

-Шумо диску клипҳоро дар назар доред? Беҳтараш баромадҳои маро аз телевизион тамошо кунед.

-Чаро мисли дигар ҳунармандон клипҳоятонро пешкаши мухлисон намесозед?

-Ростӣ, чанд сол аст, ки клип сабт накардаам. Касеро бо суханонам ранҷондан намехоҳам, вале клипи хуб ба навор гирифтан хоҳӣ, бояд ба Дубай, Амрико ва Туркия сафар кунӣ ё аз хориҷа клипмейкер даъват намоӣ. Ман як мисол меорам, вақте Садриддини Наҷмиддин ва бонуи ҳунарманди афғон  Ғизол дар Тоҷикистон суруди шодравон Кароматуллои Қурбонро клип карданӣ шуданд, барои сабт аз хориҷа мутахассисонро даъват карданд. Диққат дода бошед, сифати он клип бисёр олӣ аст.

-Тамоми сурудҳои шумо аз нигоҳи касбӣ дар сатҳи бисёр баланд қарор доранд. Махфӣ набошад, мегуфтед, ки дар эҷоди ин таронаҳои олиҷаноб киҳо бо шумо ҳамкорӣ мекунанд?

-Матни тамоми сурудҳоямро Орзу Исоев менависанду худам ба оҳанг медарорам. Дар шаҳри Тошканд бо як ширкати сабти овоз робитаи зичи корӣ дорам. Сараввал сурудро дар Душанбе месароям, баъд онро тавассути интернет ба Тошкент равон мекунам, то дар сатҳи баланд коркард намоянд. Таҳияи суруд дар сатҳи профессионалӣ маблағ ва қувваи зиёдеро талаб менамояд.

-Пас, суруду таронаҳои  марғуби Баҳодури Ғафурзод самари меҳнати оранжировшикҳои тошкандӣ будааст…

-Мо оранжировшикҳои хуб дорем, вале ман тамоми он нозукиҳоеро, ки дар суруд дидан мехоҳам, маҳз дар кори мутахассисони кишвари ба мо дӯсту бародар пайдо намудам. Имрӯз ҳатто ҳунармандони беҳтарини рус сурудҳояшонро дар шаҳри Тошканд сабт мекунанд.

-Аз тоҷикон бо киҳо ҳамкорӣ доред?  

-Аксари сурудҳои маро бародари гиромӣ Зайниддин Каримов  оранжировка мекунанд.

-Мухлисонатон ташнаи консертҳои дилошӯби шумо гаштаанд. Клип ба навор намегиред, консерт намедиҳед, ризқу рӯзиро аз куҷо пайдо мекунед?

-Дар ноҳияҳои гуногуни кишвар аз қабили Регар, Шаҳринав, Сарбанд, Қурғонтеппа консерт додам, вале дар пойтахт барпо намудани консерт кори саҳлу осон нест. Ният дорам, вале мехоҳам консертам дар сатҳи баланд баргузор гашта, хотирмон бошад, аз ҳамин сабаб бояд ба он хуб тайёрӣ бубинам. Дар бораи ризқу рӯзӣ бошад, шукронаи мардуми тоҷик, туфайли тую маъракаҳо зиндагии мо, санъаткорон пеш меравад.

-Ба наздикӣ як сурудатонро, ки ба забони рус сароидаед, шунидам. Ростӣ хеле хушам омад. Дар лаҳни шумо тамоман “акцент” эҳсос карда намешавад. Браво!

-Ташаккур! Шодам, ки сурудҳои русии маро мухлисон хуш қабул кардаанд. Дар оянда ният дорам бо забонҳои англисӣ ва шояд фаронсавию итолиёвӣ низ сароям. (Механдад)

-Охирин суруде, ки таҳия намудаед, кадом аст?

-Аз рӯи эҳтиром ва муҳаббати беандозаам нисбат ба шодравон Соҳибқирон Нозимов аз репертуари раҳматӣ сурудеро бо номи «Бонуи чин» дар ҷашни Наврӯз пешкаши мухлисон карда будам.

-Баҳодури Ғафурзод ба ғайр аз тую сури мардум ва сабту оҳангу сурудҳои дилнишин боз бо чӣ корҳо машғул аст?

-Медонед, мо ҳунармандон тими ҳунарии футболро ташкил кардаем. Дар он санъаткорони номдор аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Рустами Нур, Баҳром  Ғафурӣ, Шаҳзоди Даврон, Ҳасани Чила, Беҳрӯз Деҳқонзода, Умед Бобомуродов-ҳунарманди театри Лоҳутӣ ва дигарон шомиланд. Рӯздармиён дар стадиони Фрунзе сарҷамъ омада, футболбозӣ мекунем.

-Аҷиб, футбол ба сароянда чӣ дода метавонад?

-Агар шумо хабар дошта бошед, дар тамоми кишварҳои дунё тими махсуси футбол ташкил карда шудааст, ки аъзоёни онро нафарони фарҳангӣ, аз қабили сарояндагон, актёрон, шахсиятҳои маъруф ташкил медиҳанд ва ин тимҳо ҳатто байни кишварҳои ҳамсоя мусобиқаҳо баргузор мекунанд. Мо ният дорем, ки тирамоҳи ҳамин сол бо иҷозати Вазорати фарҳанг ва Федератсияи футбол бо тими ҳунармандони кишвари Қирғизистон дар стадиони Фрунзе мусобиқа баргузор намоем.

-Оҳо, ана ин навигарӣ ку! Мардуми қирғиззабони кишварамон аз ин хабар шод мешаванд.

-Ба хотири қирғизони ватанамон мо метавонем консерти бародарони қирғизро қабл ё пас аз бозии футбол пешкаши ҳаводорон намоем. Баъдан мо низ ба ин кишвари ҳамсоя сафар намуда, баъди бозии футбол барои тоҷикони Қирғизистон консерт барпо карданием.

-Яъне, наздик аст он рӯзе, ки Баҳодури Ғафурзод дар як майдон бо ҳунармандони машҳури Болливуду Голиввуд ва дигар шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ аз қабили Шоҳруххон, Бред Пит, Стинг, Антонио Бандерос, Филипп Киркоров ва дигарон мусобиқа барпо намояд?

-Чаро не? Дунё ба умед аст. Ҳам дӯстиямон мустаҳкам мегардаду ҳам ҳунари худро нишон дода метавонем. Фикр мекунам, ин ҳама ба шарофати Соли ҷавонон аст.

-Соли ҷавонон ба шумо барин ҷавони ҳунарманд боз чӣ дод?

-Бовар кунед, на танҳо барои ман, балки барои кулли ҷавонони ҷумҳурӣ, хоса ҳунармандони ҷавон соли хеле ба файзу баракат омад. Аз фурсат истифода бурда, миннатдории худро ба роҳбарияти телевизиони «Сафина» ва Душанбе HD мерасонам, ки дар тамоми ҷашну маҳфилҳо маро даъват мекунанд.

-Баҳодур,  аз озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» чӣ гуна хабар ёфтед?

-Эълони озмунро тавассути радио дар мошин шунида, сараввал диққат надодам, вале баробари шунидани он ки маҳз ҳафтаномаи «Оила» онро баргузор намудааст, беихтиёр хаёлам ба дуриҳои дур парвоз намуда, озмуни «Ситораи сол» ба ёдам расид, ки консерти ҷамъбастии онро ҳафтаномаи шумо дар сатҳи хеле баланд баргузор намуда буд. Ҷоизае, ки дар он консерти нотакрор насибам гашта, ситораи он аз тиллои холис сохта шуда буд, ҳанӯз ҳам ҷевони меҳмонхонаи маро зеб медиҳад.

-Ба дастгирии мухлисонатон боварӣ доред?

-Маҳз дар ҳамин гуна озмунҳо меҳру муҳаббати мухлисони асил маълум мешавад. Мухлисонам маро ба озмуни «Ситораи сол» пешбарӣ намуда, то охир дастгирӣ намуданд, боварӣ дорам, ки дар ин озмун низ танҳо намегузоранд.

-Имрӯз минбари «Оила» дар ихтиёри шумост, ҳарчӣ гуфтан мехоҳед, марҳамат!

-Қаблан аз номи тамоми ҳунармандон сипосу миннатдории бепоёни худро ба Пешвои миллат мерасонам, ки моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Шукронаи осоиштагӣ, шукронаи Ватани тинҷу обод мекунам. Ҳамватанони азизро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо хонаи обод, дастурхони пурнозу неъмат, тансиҳатӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам!

Суҳбаторо: Нодира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *