Баҳои «2» дар пешонаи хонандаву муҷозоти мудир ва ду муаллим

Дар Ӯзбекистон зидди омӯзгороне, ки дар пешонии хонандагони синфи 1-ум баҳои «2» навиштанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои расонаҳо, додситонии Бекобод санҷиши парвандаҳои омӯзгорони мактаби №5-ро ба поён расонда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Пештар Идораи маорифи вилояти Тошканд хабар дод, ки як омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 5-шаҳри Бекобод дар пешонии хонандагон баҳои «2» навиштааст ва додситонӣ амали ӯро «шиканҷаи равонӣ» номид.

Омӯзгор М. Ҳамдамова 3 майи соли равон ба пешонии чаҳор хонандаи синфи 1-ум барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ баҳои «2» мегузорад. Ҳамкори ӯ С. Раҳмонова як рӯз баъд хонандагонро ба утоқаш даъват мекунад ва дар пешониашон дубора баҳои «2» гузошта, акси онҳоро дар интернет мегузорад ва менависад, ки ин баҳоҳоро Ҳамдамова гузоштааст», — гуфтанд дар додситонӣ.

Ҳамчунин дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки масъулони мактаб беш аз 21 миллион сӯм (зиёда аз 2,6 ҳазор доллар)-и буҷаи таълимгоҳро аз худ кардаанд.

Дар натиҷа Ҳамдамова, Раҳмонова, мудири мактаб ва 5 муовини ӯ барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ аз мақом барканор шуданд. Муовини мудири маорифи Бекобод М. Қузибоев танбеҳ гирифтааст.

Дар робита ба ду ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
Даҳшат: Сел дар н. Панҷ
-->

Ба боло