Ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ шудани филм аз ҳаёти муҳоҷир
Филми «Айка»-и коргардони қазоқ Сергей Двортсевой ба феҳристи номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ» шомил шуд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба созмондиҳандагон иттилоъ додааст.
«Айка» аз сӯи Қазоқистон пешниҳод шудааст. Он барои дарёфти ҷоизаи «Оскар» бо филми мексикоии «Рим»-и Алфонсо Куарон, барандаи «Нахли тилоӣ»-и ҷашнвораи Канн – филми ҷопонии «Дуздони фурӯшгоҳҳо»-и Хирокадзу Корээда, «Ҷанги сард»-и коргардони лаҳистонӣ Павел Павликовский, филми лубнонии «Капернаум», филми олмонии «Ҳамеша рост нигоҳ кун», филми даниягии «Гунаҳкор» ва «Парандаҳои гузаргоҳ” аз Колумбия дар рақобат аст.
Барандагони ҷоизаи Академияи синамои ИМА 22 январ эълом шуда, маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» 24 феврал баргузор мешавад.
Филми «Айка» дар бораи муҳоҷири қирғизистоние нақл мекунад, ки дар Москва фарзанд ба дунё меорад ва ӯро дар таваллудхона мегузорад. Вале бо гузашти замон меҳри модарӣ ғолиб омада, дубора ба ҷустуҷӯи писари партофтааш бармехезад. Дар филм азоби ботинӣ ва эҳсоси модарӣ ба тасвир кашида шудааст.
Нақши асосиро Самал Еслямова бозидааст. Ин филм соли равон дар 71-умин ҷашнвораи синамои Канн низ иштирок карда, Еслямова ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона»-ро соҳиб шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ