Баҳори бебарор ё офат дар ноҳияи Панҷ
Фахриддин Давлатовро дар талу теппаҳои ноҳияи дурдасти Панҷи вилояти Хатлон чун шахси сарсону ҳайрон дарёфтам. Аз қиёфааш маълум буд, ки кадом мушкилие ӯро азият медиҳад. Дар вақти суҳбат маълум шуд, ки деҳқон асту чанд вақт инҷониб аз ду мушкилот азият мекашад. Якум, ин камбориш омадани фасли зимистону баҳори имсола ва дуюм ҳуҷуми ғайричашмдошти малах аст.
Фахриддин зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳафт гектар замин дораду мебоист дар он бо ҳайати оила ва хешу табораш заҳмат кашаду ризқи ояндаашонро дарёфт намояд, аммо чӣ илоҷ, ки аз сабаби камбориш омадани фаслҳои зимистону баҳори имсола аз дони коштааш асаре нест. Талу теппаҳои ноҳия, ки барои киштанд, дар ҳолати хушкӣ қарор доранду ҳатто хазандаҳо чизе хӯран намеёбанд.
Фахриддин тайи чанд рӯз инҷониб мушоҳида мекунад, ки ҳатто сангпуштон аз ин хушксолӣ ва меҳмонони нохонда, яъне, малахҳо ноумед шуда, аз кулбаҳои хокии худ берун намеоянд.
Дар гӯшаи дигари ҳамин кӯҳистон чашмамон ба ҷавони аспсавору дар наздаш рамаи гӯсфандони харобу лоғар афтод. Ин ҷавон Муъмин ном дошта, ба нигоҳубини гӯсфандон машғул аст. Аз ӯ дар бораи хушксолии имсола ва зарари малах пурсон шудам. Дар ҷавоб гуфт, ки бениҳоят ҳоли хоҷагидорону чорводорон бад аст. Аввал аз сабаби бебориш омадани тирамоҳу зимистон алаф нарӯидааст, ҳамчунин ин малахи наҳс боз якбора ҳолро бадтар карда истодааст.
Шералӣ Одинаев, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Панҷ ва ҳамзамон сардори Ситоди мубориза зидди малахи ноҳия зимни суҳбат иброз дошт, ки хурӯҷи малах дар зиёда аз 5 ҳазору 600 гектар замини ҷамоатҳои деҳоти Озодагон ба номи Кабуд Сайфиддин ва Намуна ба назар мерасад. Номбурда илова кард, ки тамоми техникаҳои корӣ ва заҳрхимикатҳо аз ҷониби идораи мубориза зидди малахи вилоят ба онҳо таъмин шудааст ва масъулони идораи кишоварзии ноҳия дар ҳамкорӣ бо 60-70 нафар сокинони маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барвақттар малахи марокаширо несту нобуд кунанд.
-Аз сабаби дар як рӯз ду ё се тухм гузоштани ин намуди малах мо натавониста истодаем, ки дар муддати кӯтоҳ онро несту нобуд кунем. Ва бояд гуфт, ки дар ин кор ҳама гуна шахсро наметавон ҷалб кард, зеро кор бо техника ва заҳрхимикатҳо душвор аст,- илова кард Шералӣ Одинаев.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Панҷ 42 ҳазору 331 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, асари зарари малах дар ин чарогоҳҳо мушоҳида мешавад. 70-80 ҳазор чорвои хурд ва 30-40 ҳазор чорвои калони ноҳияро мушкилоти норасоии «алаф» таҳдид мекунад.
Аз идораи мубориза зидди малахи вилоят иттилоъ доданд, ки бо сабаби гарм омадани иқлими имсола хурӯҷи малахи марокашӣ тахминан 15-20 рӯз пеш ба назар расид.
Масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки тайи чанд соли охир ҳуҷуми малах на танҳо ба хоҷагидорон, балки ба олами табиати кӯҳистон низ хисороти калон оварда истодааст. Зеро дар натиҷаи хушксолии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳуҷуми нобаҳангоми малах чандин навъи сангпушт ва дигар хазандаву алафхӯрон несту нобуд шуда истодаанд.
Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта низ мушкилоти хурӯҷи малахи марокашӣ кишоварзони минтақаҳои ҷануби вилояти Хатлон, бахусус ноҳияи Панҷро фаро гирифта буд. Зарари расонидашударо идора ё масъуле ба қайд нагирифтааст ё гирифтаасту ҳанӯз хомӯш аст.
Ҷомӣ Халифаев,
ш. Бохтар, махсус барои ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ