Ба писараш баҳои баланд монду аз ҳакамӣ холӣ шуд

Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст” яке аз ҳакамонро барои гузоштани баҳои баланд ба фарзандаш аз ҳакамӣ барканор карда, холҳои ба дастовардаи писари ӯро беэътибор донистааст. Иштирокчии мазкур акнун метавонад танҳо соли дигар боз дар озмун ширкат варзад.

Муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар, ҳамзамон котиби комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Саломиён Муҳаммаддовуд ба “Фараж” гуфт, тибқи иттилоъ, иштирокчии озмун дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” Шоҳрухи Рустам фарзанди узви ҳакамони номинатсияи мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Рустам Тағоймуродов будааст.

— Аз хабари мазкур тариқи расонаҳо огоҳ шудем. Бояд қайд кард, ки қаблан раиси коммиссияи ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён аз ҳайати ҳакамон ва аъзоёни комиссияи ҷумҳуриявӣ хоҳиш карда буданд, ки агар фарзанд ё хешовандони наздикашон дар озмун иштирок кунанд, моро дар ҷараён гузоранд то ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ огоҳӣ дошта бошанд. Мутаассифона, ин талабот ва хоҳиш аз ҷониби Рустам Тағоймуродов риоя карда нашуд. Ӯ дар номинатсияе, ки фарзандаш ширкат дошт дар ҳайати ҳакамон ҳузур пайдо кард ва ба фарзандаш баҳои баланд гузошт. Ба хотири шаффофият, адолат миёни иштирокчиён ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сарпарасти озмуни мазкур мебошанд, ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷаласа доир намуда, холҳои гирифтаи Шоҳрухи Рустамро беэътибор ва Рустам Тағоймуродовро аз ҳайати ҳакамон берун кард, — гуфт Саломиён М.

Назари профессор Рустам Тағоймуродовро ба қазияи мазкур то нашри матлаб ба даст оварда натавонистем, зеро номбурда ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб надод.

Бо дастрас гардидани андешаҳои ҷониби дигар онро пешкаши хонандагон хоҳем кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *