Ба Путин гӯш деҳ! Тавсияи фаронсавиҳо ба Макрон

Хонандагони рӯзномаи «Le Figaro»-и Фаронса аз президенти ин кишвар Эммануэл Макрон дархост намудаанд, ки ба ҳарфҳои Зеленский кам аҳамият дода, ба Путин эътимод кунад.

Дар мусоҳиба бо рӯзномаи Ouest France Макрон гуфт, Русия набояд таҳқир шавад, зеро рӯзе фаро мерасад, ки ҳамкорӣ бо он бояд аз сар гирифта шавад.

«Ба назари ман, ин дуруст аст, таҳқир кардани Русия беақлӣ аст ва пеш аз ҳама, таҳрик додани он хеле хатарнок аст, чунон ки мо бо ҷалби Украина ба НАТО машғулем»,- иброз дошт яке аз корбарони вебсайти нашрия.

«Беҳтар аст, ки бо Путин иттифоқ баст, на бо Зеленский. Ҳадди ақал чизе барои фурӯш дорад ва Фаронсаро хафа намекунад»,- навиштааст корбари дигар.

Қаблан хонандагони маҷаллаи фаронсавии Le Figaro талаб карданд, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина барои ҷиноят алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс муҷозот шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *