Ба рӯйхатгирии оилаҳои камбизоат

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад рӯйхати давлатии мардуми камбизоатро тартиб диҳад. Бино ба оморҳо, ҳар хонаводаи сеюм дар ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад.

Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоатро тартиб медиҳанд. Ба оилаҳои мушаххаси мӯҳтоҷи кумак расондани кумакҳои иҷтимоӣ ҳадафи асосӣ аз таҳияи ин рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоат ном бурда мешавад.

Бино ба гузориши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, идоразои ҳифзи иҷтимоӣ алакай ба тартиби додани ин рӯйхати давлатӣ шурӯъ кардаанд. Мақомот бар асоси ин рӯйхат оилазҳои камбизоатро зери назар гирифта, аз он ба ҳайси як василаи муайян кардани хонаводаҳои дар ҳақиқат мӯҳтоҷ, ташхиси қишрҳои камбизоати аҳолӣ, арзёбии ҳаҷми ёриҳо ба чунин хонаводаҳо истифода хоҳанд бурд.

Барномаи пилотӣ расондани кумакҳои адресдори иҷтимоӣ дар соли 2016 дар 25 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба гуфтаи мақомот, дар ин муддат ба 97 ҳазор хонаводаи камбизоат ёриҳои иҷтимоии адресдор расонда шуданд. Интизор меравад, дар соли 2017 ба ин барнома боз 15 шаҳру ноҳияи дигар изофа шавад.

Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор рафта, маоши миёнааш 997 сомонӣ (муодили 120 доллар) пасттарин маош дар ин қаламрав мебошад.

Бино ба омори расмӣ, беш аз 30 дарсади аҳолӣ, ё тақрибан ҳар сокини сеюми Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, хонаводаҳое, ки даромади ҳар узви он аз 1 доллар дар рӯз камтар бошад, фақир шумурда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз поёни солҳои 90 бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ барномаи коҳиши сатҳи фақри аҳолиро пеш бурда истодааст. Душанбе ният дорад, сатҳи фақрро дар кишвар то соли 2020 то ҳадди 20 дарсад пойин барад. Ҳамчунин дар Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2020 зикр шудааст, ки ин кишвар то соли 2030 мехоҳад сатҳи фақрро дар муқоиса бо имрӯз ду маротиба коҳиш дода, саҳми синфи миёнаро дар таркиби аҳолӣ аз 22 дарсади имрӯза дар соли 2030 ба 50 дарсад бирасонад.

Аммо дар ҳоли ҳозир рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз пули аз хориҷ ва асосан аз Русия фиристодаи муҳоҷирони кориаш таъмин мешавад. Дар солҳои то бӯҳрони иқтисодии Русия аз он кишвар ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони корӣ солона 4 миллиард доллар пул меомад, ки баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва бештар аз буҷаи давлатии ин кишвар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *