Ба Рустами Эмомалӣ гап доред? Марҳамат!
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади робитаи мустақим бо сокинони пойтахт ва шунидани дарди дили аҳолӣ як почтаи электронии алоҳида кушода, ҳамчунин имкони ба ӯ фиристодани аксу навори камбудиҳо ва қонуншиканиҳо тавассути Viber ва WhatsАpp-ро низ фароҳам сохтааст.
Суроғаи эмейли Рустами Эмомалӣ: [email protected]
Шумораи Viber ва WhatsApp: +992985952222
Раёсати иттилооти ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ки шаҳрдории пойтахт «бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии пойтахт» хатҳои махсусеро барои бевосита ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ расондани шикоятҳои мардум боз кардааст.
Минбаъд сокинони пойтахт метавонанд дар бораи тамоми камбудиву нуқсонҳое, ки вуҷуд доранд ваё бевосита шоҳид шудаанд, тавассути телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар аксу навор гирифта, барои сари вақт бартараф кардани онҳо мустақиман ба суроғаи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе бо нишонии [email protected] ирсол намоянд. Аз сокинон хостаанд, ки ҳамроҳ бо аксу навор маҳалли қонуншиканӣ ё камбудиро бо ҷузъиёташ низ илова кунанд.
Ҳамин тавр, сокинони Душанбе акнун имкон доранд, ки тавассути мессенҷерҳои Viber ва WhatsАpp ҳам шикоятҳои худро бо аксу наворҳо ба самъи шаҳрдори Душанбе бирасонанд. Шаҳрдорӣ ба ин манзур дар ин ду шабака бо шумораи +992985952222 хатти махсус кушодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ