Ба саммити Петербург … Назарбоев меравад
Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Курмангалӣ гуфт, 20 декабр ин кишварро дар саммити раҳбарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар шаҳри Санкт-Петербург президенти пешин Нурсултон Назарбоев намояндагӣ мекунад.
Қосимҷомарт Тоқаев, ки моҳи марти соли равон ба ҷои Назарбоев президенти Қазоқистон интихоб шудааст, он рӯз дар «шӯрои боварии ҷомеа» иштирок хоҳад кард.
Кремл пештар хабар дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё президенти Русия Владимир Путин иштирок хоҳад кард. Иштироки раҳбарони Арманистон, Белорус ва Қирғизистон низ дар назар аст.
Ба огаҳии Кремл, имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ баргузор мешавад.
Назарбоев бо вуҷуди истеъфояш аз мақоми президентии Қазоқистон моҳи ноябри соли равон кишварашро дар мулоқоти раҳбарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд низ намояндагӣ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ