“Ба сегоникҳо номҳои Мирзиёевро гузоштан тамаъҷӯист”

Нашрияҳои Ӯзбекистон аз раванди ба сегоникҳои навзод номҳои Шавкат Мирзиёев ва аҳли хонаводаи ӯро гузоштан интиқод карда ва онро “навъи тамаъҷӯӣ” арзёбӣ кардаанд.

Нашрияҳои Ӯзбекистон аз раванди ба сегоникҳои навзод номҳои Шавкат Мирзиёев ва аҳли хонаводаи ӯро гузоштан интиқод карда ва онро “навъи тамаъҷӯӣ” арзёбӣ кардаанд.

Ба навиштаи нашрияи “Даракчи”, “ҳоло дар Ӯзбекистон ба фарзондони навзоди худ номҳои президентро гузошта ва мошин тӯҳфа гирифтан ба ҳукми анъана даромадааст”.

Нашрия ин гуна ҳолатро “тамаъҷӯии ошкор” номида ва навиштааст, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10 чунин ҳодиса ба мушоҳида расидааст.

“Ба сегоникҳо номҳои раиси ҷумҳури Ӯзбекистон-Шавкат, Мирамон ва Мирзиё ё ҳамсару фарзандонаш-Зироатхон ва Саидахонро интихоб карда ва ҳатман ба унвони савғо ба автомобили Кобалт умед мебанданд. Ҳокимону раҳбарони шаҳру вилоятҳо бошанд ба хотири тамаллуқ ва хушомадгӯӣ ба раҳбари давлат ба ин гуна оилаҳо мошин тӯҳфа мекунанд”-навиштааст “Даракчи”.

Иддаи зиёди корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ ҳамчунин номгузориро навъи «тамаллуқ ва хушомадгӯӣ барои тӯҳфа» арзёбӣ кардаанд.

Зимнан, як оила дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразми Ӯзбекистон номи сегоникҳои худро Шавкату Мирамон ва Мирзиё гузоштанд.

Хонаводаи Мансурбек Отаҷонови 29-сола гуфтанд, ки ин номҳо ба хотири эҳтиром ба раиси ҷумҳур – Мирзиёев Шавкат Мирамонович – интихоб гардид.

Баъдан чунин ҳолат дар оилаи Ҷамшед Шодиев, сокини Бухоро такрор шуд ва сегоникҳои худро чунин номгузорӣ кард.

Дар оилаи Ислом Исроилов, сокини шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон бошад рӯзи 1 май сегоник ба дунё омада ва ба онҳо Шавкатҷон, Зироатхон ва Саидахон ном гузоштанд.

Кӯдакони навзод  ба ифтихори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамсари вай Зироатхон Мирзиёева ва духтари калонии президент Саидахон Мирзиёева номгузорӣ шудаанд.

Дар замони раёсати Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон, барои сегоникҳо гузоштани исми Ислом, Карим ва Абдулғанӣ одат шуда буд. Се сол пеш сегоникҳоро, ки дар вилояти Андиҷон таваллуд шуда буданд, Исломҷон, Абдулғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *