Ба шумо чизеро медиҳем, ки ба мо доданд!

Киштӯдӣ сафари Маскав кард. Аз фурудгоҳи Душанбе ба як дӯсташ дар Маскав занг зада, хоҳиш кард, ки ӯро пешвоз гирад. Гуфтани вақти парвоз ва соати ба Маскав расиданро ҳам фаромӯш накард. Дӯсташ аз он тараф гуфт:

— Эй бехабар, аз пода пеш чанг наандоз, магар намедонӣ, ки самолётҳои Душанбе аз рӯи шиори “Дер ояду шер ояд” парвоз мекунанд!?

Киштӯдӣ чизе нафаҳмиду дубора пурсид:

— Чӣ гуфтӣ?

— Чизе ки фаҳмидӣ, кундфаҳм, опоздат мекунанд!,- гуфт дӯсташ.

Киштӯдӣ “даҳонатро шамол барад!” гуфту вориди толори фурудгоҳ шуд.

Ин дафъа буҷули Киштӯдӣ асп хест. Интизориш дар толор дер напоид. Соати 18:50 эълони ба ҳавопаймо нишастани мусофирони тайёраи SZ 201, SOMON AIR-ро бо гӯши худ шунид. Расо соати 19:15 дар курсии ҳавопаймо нишаста буд. Қариб буд ҳавопаймо аз вақти муқарраршуда тезтар парвоз кунад. Пеши шумо дурӯғу пеши худованд рост, ҳавопаймо расо дар вақти муқарраршуда — 19:30 дили ҳаворо дарида, ба осмон хест. Хайрият Киштӯдӣ фурсат ёфту ба дӯсташ занг зада, ғайбатчиёну туҳматгаронро аз миён то по навозиш кард. Ҳавопаймо парид.

Шиками Киштӯдӣ танбӯр менавохт. Гӯр ҳамин занҳо шаванд, ҳамсараш пеш аз парвоз фаросати шиками ӯро сер кардан накард. Баъди соате аз парвоз бӯи хӯрок ҳавопайморо фаро гирифт. Оби даҳонаш шӯрӣ карда, рехт. Хаёлан анвоъи салату ҳасибу паниру кабобу мантуро пеши назар овард. Бо билети нархаш 5 000 сомонӣ хӯроки дигарро интизор шудан кӯтоҳандешие беш набуд.

Ду стюардессаи танноз аз ду тарафи аробаи пури ғизо истода, тап-тап хӯрокро рӯи мизчаи мусофирон мегузоштанд.

Киштӯдӣ бо оҳанги ба худаш хос ба стюардессаҳо рӯй овард:

— Ба ман катлет!

Стюардессаҳо ба ҳамдигар нигоҳ карда, мисли он ки Киштӯдӣ аз куҳ фаромада бошад, ба ҳолаш хандиданд.

Киштӯдӣ пурсид:

— Чаро механдед?

Стюардессаҳо қиёфаашонро ҷиддӣ карда, гуфтанд:

— Танҳо мурғу биринҷ дорем.

— Котлет мехоҳам,- дубора такрор кард Киштӯдӣ.

— Ба шумо чизеро додем, ки ба мо доданд,- гӯё, ки хор мехонда бошанд, бо як овоз гуфтанд стюардессаҳо ва мурғи аз шири модар ранҷидаи Файзободу биринҷи хомпази Чинро таппӣ пешаш гузоштанд.

Кайфи Киштӯдӣ парид. Як кулчаи худоии баробари кафи даст, як каф биринҷ ва почаи чӯҷаи аз оча сағирмонда бо ӯ чашмаки ман чашмаки ту доштанд. Дилаш мехост мисли Қорӣ-ишкамба ”вой, пулакам сӯхт!” гуфта, дод занад, аммо аз зани дар паҳлуяш нишаста шармаш омаду худдорӣ кард.

— Ин ҷо салфетка надорад, як дона влажная салфетка тед, дастамро тоза кунам,- гуфта боз ба стюардесса муроҷиат намуд ӯ.

Стюардесса боз ҳамон гапашро такрор кард:

— Мо ба шумо чизеро додем, ки ба мо доданд!

Киштӯдии ҳафтафаҳм нав фаҳмид, ки маънои ин гап “надорем” будааст.

Яъне, салфетка юқ.

Киштӯдӣ хӯроки хӯраму намурамро аз гулӯ поин карду чой хост.

Чой оварданд.

Пурсид, ки магар ширинӣ надоред?

— Мо ба шумо чизеро додем, ки ба мо доданд!,- тӯтивор такрор намуданд стюардессаҳо.

Яъне ширинӣ ҳам юқ.

Ин дам як зани дар паҳлуи Киштӯдӣ нишаста конфетеро ҷонибаш дароз карда, гуфт:

— Уко, беҳуда гапатонро дар ҳаво напартоед. Гапи ин бечора стюардессаҳоро кӣ гӯш мекунад? Ман ки медонам, хӯрокам бо худам.

Зани худобохабар назди Киштӯдӣ ҳасибу паниру шоколад гузошт. Киштӯдӣ оҳи сард аз дили пурдард кашиду аз ҳамон баландӣ ба Парвардигори дар осмон паноҳбурда рӯй оварда, гуфт:

— Аҷаб омири одил ҳастӣ, якеро инсоф медиҳию инсофи дигареро мегирӣ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *