Баҳси ғар: фоҳиша ё худои кӯҳҳо?
Чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси аҷибе ҷараён дорад, баҳси «ғар». Ҳайрон нашавед, ин баҳс ҳам ба ғар – сабукпо дахл дораду ҳам ба ғар – кӯҳ…
Нуриддин Саид– оғози баҳс
Баҳси «ғар» аз нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Қабл аз нишаст вазир дар ҳалқаи муовинон ва журналистон иброз намуд, ки «номҳои ҷуғрофие, ки вожаи “ғар” доранд, набояд аз байн бурда шаванд”.
Вазир гуфт, ки “ғар” калимаи суғдӣ ва маънояш “кӯҳ” аст, аз ин хотир, номҳои ҷуғрофии ҳомили ин вожа бояд нигаҳдорӣ шаванд.
Ин андешаи вазир дар суҳбати рафиқона ироа шуд ва журналистон онро расонаӣ карданд.
Аз баҳси дар нишасти вазорат оғозшуда маълум буд, ки бархе аз мансабдорон пешниҳод кардаанд, номи таърихии маҳалҳое, ки решаи «ғар» доранд, бояд тағйир дода шаванд. Ин пешниҳод аллакай чандин маротиба ошкору ниҳон садо медиҳад.
Ҳассосияти ин вожа дар он аст, ки дар забони гуфтугӯи тоҷикӣ имрӯз мардону занони сабукпо ва фосидро “ғар” меноманд ва гуфтани ин вожа нисбати инсонҳо таҳқир мебошад.
Ҷойномҳое, ки дар таркибашон решаи “ғар” доранд, дар ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ба чашм мехӯранд, аз ҷумла Беғар (ноҳияи Варзоб), Луфағар (шаҳри Ваҳдат), Сомғар (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Зиғар (ноҳияи Дарвоз) ва ҳам Фалғар, номи таърихии ноҳияи Айнии имрӯз, Данғара ва ғайра.
Донишмандон чӣ мегӯянд?
Доктор Бадруззамон Қариб дар “Фарҳанги суғдӣ” (Теҳрон, 1995) тарҷумаи вожаи суғдии “ғар”- ро ба маъноҳои гуногун, аз ҷумла “шаҳватпараст”, “бадзабон”, “зишт”, “хар”, “худои кӯҳҳо”, “асабӣ” ва ҳатто “гандум”-у “парии обӣ” низ овардааст.
Донишманди тоҷик Умед Ҷайҳонӣ, ки яке аз фаъолони ин баҳс ва ҷонибдори ақидаи вазири маориф дар мавриди нигаҳдории «ғар» дар таркиби ҷойномҳост, мегӯяд:
-«Ғар» дар забони суғдӣ аз *gari- дар забони эронии бостон рӯида ва бо ғар дар забони балхӣ, гар дар паҳлавӣ, жир дар забони шуғнӣ ҳамреша аст. Ин вожа дар ҷойномҳои суғдии Ғарм, Фалғар, Шовғар, Абғар, Абарғар, Башоғар, Форғар, Ғарбун, Ғардиён, Ғирдак, Ғардмон, Ғарҷистон, Ғарҷанд, Ғурмена, Ғарметан, Ғартахо, Ғарқанд, Ҷомғар, Соғарҷ, Вазоғар, Чадғал ва Мевағал омадааст. Ҷойномҳои Зиғар ва Ғаркуф дар Дарвоз низ ҳамин вожаро доранд, зеро дарвозиён дар қадим ба яке забонҳои помирӣ сухан мегуфтанд, ки бо суғдӣ ҳамхонавода буд. Чунин ҷойномҳоро ҳаргиз набояд номгардон кард, зеро онҳо ёдгор аз ниёкони суғдии тоҷикон ҳастанд».
Дар мавриди маънии манфии «ғар» Ҷайҳонӣ чунин назар дорад:
-«Ғар» ба маънои «рӯспӣ, зани бадкора, фоҳиша» вожае форсӣ аст ва ҳеч пайванде бо ин «ғар» дар ҷойномҳои тоҷикӣ надорад. Ҳамовоии ин ду вожа далел намешавад, ки ҷойномҳои суғдиро аз нақшаи Тоҷикистон бизудоянд.
Ғар – Аз Чин то Ҳинд
Мавриди ёдоварист, номҳои ҷуғрофие, ки дар таркибашон решаи «ғар» доранд, танҳо хоси Тоҷикистон нестанд. Дар Чин ва Афғонистону Осиёи Ҷанубӣ – Ҳиндустону Покистон низ шаҳру кӯҳҳое вомехӯранд, ки дар номҳояшон ин вожа ба чашм мехӯрад, аз ҷумла Кошғар (Чин), Спинғар, Алинғар (Афғонистон), Шринағар, Патнагар (Ҳинд) ва Роринғару Гандиғар (Покистон).
Сринагар (урду) ё Шринагар (ҳиндӣ), шаҳре дар водии Кашмир ва пойтахти тобистонаи иёлати Ҷамму ва Кашмир низ, ба бовари забоншиносон, вожаи “ғар” – “кӯҳ” — ро дар зимн дорад, ҳарчанд ба бовари ҳиндиҳо, ба маънии “шаҳр” омадааст.
Ба гуфти Умед Ҷайҳонӣ, ниёкони мо ҳанӯз дар замонҳои қадим вақте ба забони порсии қадим ҳарф мезаданд, маҳз ба ҳамин маънои кӯҳ вожаи “ғар”- ро дар номҳои ҷуғрофӣ истифода мекарданд:
-Дар адабиёти қадим Албурзи Эронро “Падишхворгар” ё “косакӯҳ” меномиданд, чун “танӯри оташфишон” – ро мемонд. Аз ҷумлаи номҳое, ки дар боло овардем, Спинғар ба номи форсиаш — Сафедкӯҳ низ ёд мешавад, дар вилояти Нангарҳор, марзи Афғонистону Покистон ҷойгир аст, ҳам номи вулусволист, ҳам кӯҳ.
Роринғару Гандиғар деҳаҳое дар водии Своти Покистонанд, ки тоҷикнишинанд. Имрӯз дар шеваҳои мухталифи забони тоҷикӣ вожаи ғар ба ғайр аз «фоҳиша» ба маънии аслии суғдиаш ҳам ба кор меравад. Масалан, дар ноҳияи Ванҷ сангро – ғар мегӯянд. Дар Қаротегин калимаи «ғарам»-ро ба маънои ба монанди кӯҳ рехтани донагӣ , меваҷот ва сабзавот истифода мекунанд. Дар шимоли Тоҷикистон бошад, ба монанди кӯҳ ҷамъоварии алафу ҳезумро «ғарам» мегӯянд.
Гулистону Ваҳдат ба ҷойи ғар?
Овардани далелҳои боло ва ба баҳс кашидани ин мавзӯъ ба хотири шӯхӣ нест, балки ин масъала хеле муҳим аст. Зеро имрӯз кӯр-кӯрона дар пайравӣ ба замони шӯравӣ номи маҳалҳо иваз карда мешавад.
Раванди тағйир додани номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон аслан аз замони шӯравӣ идома дорад. Дар он даврон беҳин номҳои қадимии суғдӣ ва тоҷикӣ ба номи пешвоёни ҳизбӣ ва чорабиниҳои давлатӣ иваз карда шуда, беҳтарин ҷойномҳо аз истеъмол монданд ва ҷойи онҳоро «Колхози Маркс», «50- солагии Октябр», «Коммунизм» «Комсомолобод», «Орҷоникидзиобод», «Ленинобод», «Сталинобод» ва монанди инҳо гирифтанд.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо номҳои марказҳои муҳими кишварамон, аз қабили Душанбе ва Хуҷандро баргардонем, аммо оҳиста-оҳиста боз ҳам тарбияи шӯравӣ таъсир расонид ва мо номгузории ҷуғрофиро аз рӯйи низоми шӯравӣ идома додем ва дар ин замина ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шамсиддини Шоҳин барин номҳо, ки хоси ҷойномгузории забони тоҷикӣ нестанд, пайдо шуданд.
Илова бар ин Гулистону Бӯстон, Ваҳдату Истиқлолият ҷойи «50 — солагии Партияи Коммунистӣ»-ро гирифтанд. Мисле ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи дигаре набошад.
Нигаронии академик Имомзода
Чанде қабл ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Маҷлиси милии кишвар, академик Муҳаммадюсуф Имомзода низ аз чунин номгузорӣ изҳори нигаронӣ карда, ин масъаларо дар сатҳи давлатӣ бардошта буд. Ба гуфти Имомзода, ҳоло дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳаллаву ноҳия 31 Ваҳдат, 41 Гулистон, 25 Истиқлол, 15 Баҳористон ва 26 Бӯстон арзи вуҷуд кардаанд.
Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик аз фаровонии номҳои Лолазор, Зарнисор, Навободро интиқод карда, дар мавриди номгузориҳое, чун Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат ва Ҷавонӣ гуфта буд, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ номи маҳал ё шаҳраку деҳотро ифода карда наметавонанд.
Ин ақидаи Имомзода дар доираҳои илмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёде пайдо кард.
Зинда бод, ғар!
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон теъдоди пешниҳодкунандагони ин ё он масъала, ки ба роҳбарияти олии мамлкат ва гӯё ба «боло бурдани худшиносии миллӣ мусоидат мекунад», хеле афзудаанд. Ба ин нафарон муҳим нест, чӣ пешниҳод мекунанд, балки муҳим он аст, ки ба ин васила худашонро расонаӣ намоянд. Гузоштани ҳайкали Президент, Раҳмонобод мондани номи вилояти нав, Истиқлолу Ваҳдат мондани номи маҳал ва ғайра аз қабили ҳамин пешниҳодҳои берабт ва бемаънӣ аст.
Иваз кардани ҷойномҳо, махсусан ҷойномҳое, ки дар таркибашон решаи «ғар» доранд, аз ҳамин қабил пешниҳодкунандагон сар мезанад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест.
Чун ҷойномгузорӣ имрӯз идомаи замони шӯравист, ба ҳамон шева аз калимаи «ғар» ҳимоя мекунем:
-Зинда бод «ғар»!
…Албатта, «ғар»-и кӯҳро дар назар дорам, на фоҳишаро…
Одил Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ