Ба собиқадорони ҶҶД ғизову либоси бепул медиҳанд

Девони вазирони Ӯзбекистон 28 апрел дар робита ба ҳифзи иҷтимоии иштирокдорони ҷанги солҳои 1941-1945, маҳбусони ноболиғи пешини лагерҳои фашистон ва шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи Ленинград кор кардаанд, қарореро ба имзо расонд.

Бар пояи қарор, ҳар моҳ бар ҳар яке аз онҳо то санаи 15-ум 3 кило орд, 500 гр гречка, 500 гр макарон, 1 кило гӯшти гов, 1 кило гӯшти мурғ, 200 грамм равғани растанӣ, 15 тухм, 1 кило шакар, 1 литр равғани офтобпараст, 200 грамм чойи хушк, 100 грамм собун, 150 грамм хокаи либосшӯӣ ва ашёи зарурии дигар дода мешавад.

Ҳамчунин онҳо ҳамасола пеш аз фарорасии фасли тирамоҳ ройгон костюм, пойафзоли зимистонаву тобистона, ҷӯроб ва либосҳои гарми дигар дарёфт хоҳанд кард.

Пештар президенти Ӯзбекистон фармонеро ба имзо расонд, ки бар пояи он, ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги ҷаҳонии дувум (ҶҶД) кумакпулии яквақта дар ҳаҷми 5 миллион сӯм (618 доллар) дарёфт ва ба кишваре ройгон сафар хоҳад кард, ки дар он ҷангидааст.

Аз 1,5 миллион ӯзбекистоние, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ним миллионашон ба ҳалокат расидаанд. Ӯзбекистон дар солҳои ҷанг ҳудуди 1 миллион хонавода ва кӯдаконеро ба қаламрави худ роҳ дод, ки аз минтақаҳои ҷангӣ кӯчонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *