Ба сокинони зарардида хонаҳои замонавӣ тақдим карда шуд

 Ба 18 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баҳори соли 2014 бар асари боришоти зиёд манзилҳои истиқоматиашон вайрону валангор шуда буданд, хонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба тамоми талаботи муосир супорида шуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар додаанд, калиди ин манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Почохон Зарифзода ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Ян Харф ба соҳибонашон тақдим гардид.

Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов таъкид кард, ки ин иқдом бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Мавсуф ҳамчунин оид ба дастгириҳои бевоситаи давлату ҳукумат дар рушду инкишофи манотиқи вилояти Хатлон, махсусан ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ибрози андеша намуда, сокинони ин русто, махсусан онҳоеро, ки соҳиби хонаи нав гардиданд, баҳри саҳм гузоштан дар ободии Ватан даъват кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *