саг

Ба Суғд аз хориҷа сагҳои хизматии нав меоранд

То моҳи марти соли равон ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сагҳои нави хизматӣ оварда мешаванд. Бино ба иттилои масъулин, сагҳои хизматӣ аз давлати Латвия вориди Тоҷикистон шудаанд.

Дар ин бора Фаррух Зиёзода — сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод. “Ҳоло 3 нафар кинологҳои вилоят барои омӯзиш ва такмили ихтисос ба шаҳри Душанбе сафарбар шудаанд. Онҳо бо сагҳои нави хизматӣ давраи омӯзиширо гузашта, баъди 20 рӯз ба кор меоянд”,- гуфт ӯ.

Бино ба иттилои масъулин, то ин дам 3-4 сагҳои хизматиро аз сабаби гузаштани муҳлати хизматияшон ба Душанбе бурдаанд. Сагҳои нави хизматӣ аз зотҳои ҳушёри Латвия буда, барои ҷустуҷӯи маводи нашъадор пешбинӣ шудаанд.

Бояд зикр кард, ки сагҳои хизматӣ бо кинологони пешқадам барои дарёфти маводи нашъадор хизмат намуда, то ҷое кори мақомотро осон мегардонанд. 

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *