Ба табибону омӯзгорон тарзи пешгирии КОВИД-19-ро меомӯзонанд

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ гузаронида шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, чуни машғулиятҳо вобаста ба татбиқи Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” аз тарафи МД” Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” гузаронида шудаанд.

Мувофиқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин чорабиниҳо омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб ва омӯзгорон барои паҳн намудани маълумот доир ба пешгирии бемории COVID-19, бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад.

— Инчунин, дар ин самт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ бо ташкил намудани “Дӯкони саломатӣ” ва гузаронидани викторина байни аҳолӣ ва хонандагони мактаб ташкил гардиданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *