Ба тани занҳо даст дароз мекард. Боздошти Довудшои ҷодугар дар Файзобод

Довудшо Ризоев, сокини 60 — солаи ноҳияи Файзобод бо гумони даст задан ба фолбиниву ҷодугарӣ ва сӯйистифода аз ниёзмандии «муштариён»-аш боздошт шуд.

Дар наворе, ки ВКД нашр кард, гуфта мешавад, ӯ бо истифода аз ҳиссиёти шаҳвонӣ ба тани ду зани ҷавон даст дароз кардааст.

Ҷабрдидагон дар навор ин амалро тасдиқ мекунанд, вале  Довудшо Ризоев мегӯяд, ки «агар даст расонда бошам, он падарона буд».

Ризоев дар навор иқрор мекунад, ки ягон маълумоти динӣ надорад, дар назди падараш таҳсил кардааст ва барои ба даст овардани маблағ дуои барор медодааст.

Тибқи иттилои ВКД, нисбати номбурда чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *