Ба таваҷҷуҳи вазири фарҳанги ҶТ: Аҷинатеппаро наҷот диҳед!
Чаро дар Тоҷикистон ба ёдгориҳое, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, чунин хунукназарона муносибат мекунанд?
Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба куҷо менигарад? Бубинед, ки маъбади буддоии Аҷинатеппа (асрҳои VII-VIII), ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси нодири ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, дар чӣ ҳолати ногувор ва тазйиқовар қарор гирифтааст?! Дар ин ёдгорӣ олими советӣ Борис Литвинский соли 1960 ҳафриёт гузаронидааст. Маъбади Аҷинатеппа баёнгари таърихи қадимӣ доштани водии Вахш мебошад. Ин ёдгории нодирро наҷот диҳед!
Ғафур ШЕРМАТОВ, муаррих
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ