ТЕЛЕФОНБОЗОР дар паскӯчаву дар гузаргоҳ
Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода.
Ҳарчанд кормандони милитсия “телефон-фурӯшҳоро” меронанд, аммо бо вуҷуди ин аз ин кунҷи гузаргоҳ ба кунҷи дигар ҷамъ омада, боз ҳам ба савдои телефонҳои худ идома медиҳанд.
Телефонбозор ё савдои озоди телефонҳои мобилӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якбшане фаъолият мекунад. Ин бозор дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб ҷойгир аст. Шахсоне, ки барои хариду фурӯши телефон ба ин ҷо меоянд, як сомонӣ “чойпулӣ” дода, баъд дохил мешаванд. Мардум аз ҳар гӯшаи шаҳр ба ин бозор омада, телефонҳои худро ба савдо мегузоранд ё харидорӣ менамоянд.
Ҳангоми бозори гарми хариду фурӯш мо шоҳиди чандин ҳодисаҳо шудем. Ин телефонбозор не, шайтонбозор аст. Ҳар кас ба хости дилаш телефони худро ба савдо мегузорад. “Шербачаҳо”-е низ ҳастанд, ки телефони дуздидаашонро мефурӯшанд. Аз ҳама бадаш ин аст, ки қисми зиёди телефонҳо ҳангоми хариду фурӯш ягон нуқсон ё вайрон ҳастанд. Онҳое, ки аз ин бозор телефон харидорӣ мекунанд, ба доми савдогарони телефон гирифтор шуда, фиреб мехӯранд ва зарари молӣ низ мебинанд. Дар ин ҷо зуҳуроти номатлуби дуздӣ, фиребгарӣ, дурӯғгӯӣ зиёд мушоҳида мешавад. Куҷост мусулмонии мо? Куҷост “милисаи ман – ҳимоятгари ман” нангу номуси мо?
Шароити телефонбозор на он қадар хуб аст. Рӯзҳои боронӣ ҳар ҷо-ҳар ҷо оби зиёд ҷамъ мешавад, ифлосиҳо боиси хира шудани табъи мардум мегардад.
Ин бозор танҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе фаъолият мекунад. Дигар рӯзҳо мардум маҷбур мешаванд, ки аз бекорӣ барои савдои телефонҳои худ ҷойи дигарро интихоб намоянд. Мутаассифона, ҳар рӯз дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори “Саховат” аз саҳар то бегоҳ телефон савдо мекунанд. Ҳол он ки гузаргоҳҳо барои рафтуои одамон сохта шудааст. Дар гузаргоҳи зикршуда рафтуои одамон бисёр ҳам душвор шудааст. Ҳарчанд кормандони милитсия “телефон-фурӯшҳоро” меронанд, аммо бо вуҷуди ин аз ин кунҷи гузаргоҳ ба кунҷи дигар ҷамъ омада, боз ҳам ба савдои телефонҳои худ идома медиҳанд.
Шояд Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ки телефонбозор дар ҳудуди он фаъолият мекунад, ба тақдири минбаъдаи он таваҷҷуҳ зоҳир намояд?
Бобо Собир,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ