Ба Тоҷикистон маҷмааи ҷадиди зиддиҳавоӣ ворид мешавад

Дар назар аст,  то охири соли ҷорӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маҷмааи навтарини амнияти радио-электронии “Поле-21” насб шавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Округи марказии низомии Русия, нахустин гуруҳи ин дастоҳ дар минтақаи Ҳисори Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Системаи “Поле-21” иншооти муҳими стратегиро аз мушакҳои болдор, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин  ва бомбаҳои идорашавандаи авиатсионӣ муҳофизат хоҳад кард.

Феълан дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон воситаҳои амнияти радио-электронии мавсум ба “«Житель”, “Силок” ва  “Лесочек” фаъол ҳастанд.

Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон аз бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи ин кишвар ҳисоб меёбад. Бар асоси Созишномаи Тоҷикистону Русия ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Дар ин пойгоҳи низомӣ ҳудуди 3 ҳазор низомӣ хизмат карда ва дар ихтиёри онҳо зиреҳпӯшҳои 2ТР-82А, танкҳои Т-72Б1, Т-72Б3, системаҳои оташфишонии “Ураган” ва “Град”, чархболҳои Ми-8 ва Ми-24, ҳавопаймои бидуни сарнишини “Орлан-10” қарор доранд.

Дар охири моҳи октябри соли 2019 пойгоҳи низомии Русия маҷмааи мушакҳои ҳавоии С-300-“Фаворит”-ро соҳиб шуд.

Русия ба Тоҷикистон дар навсозии силоҳу муҳимоти ҷангии Артиши кишвар дар панҷ соли ахир ба миқдори  122 миллион доллар кумаки низомӣ расондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *