Ба Тоҷикистон омадан мехоҳед?
Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июли соли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Франкфурт — Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими кишварҳои Аврупо ва Америкаанд, роҳандозӣ шудааст.
«Шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии мамлакат дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоянд», — гуфтаанд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ