Ба Тоҷикистон воридоти маҳсулот афзуду содирот коҳиш ёфт
Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5% ё 116,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилои хабаргузории “Спутник” дар такя ба идораҳои иқтисодии кишвар, ин рақам бештар аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳамзамон, бо 94 кишвари ҷаҳон тиҷорат сурат гирифтааст, вале воридоти мол аз 77 давлат нисбат ба содирот бартарӣ дорад ва моли 56 давлат танҳо ворид карда мешуд.
Ба ин далел тавозуни савдо манфӣ буда, 737,2 миллион долларро ташкил додааст.
Воридоти мол дар семоҳаи аввал 43 фоиз афзуда, ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар баробар шудааст . Ба ҳисоби пулӣ афзоиш 362,7 миллион долларро ташкил дод. Содироти коло, баръакс, нисбат ба соли гузашта беш аз ду баробар кам шуда, 470 миллион долларро ташкил дод.
Танҳо бо 7 кишвар, содирот нисбат ба воридот бо фарқияти хурд бартарӣ дорад. Дар байни ин мамлакатхо Туркия ва Белгия ҳастанд, ки ҷумҳурӣ ба онҳо металлҳои қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта мефиристад.
Қаблан маълум шуд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 43% афзоиш ёфтааст.
Дар муомилоти умумӣ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин муддат 901 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, 53,7 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои ҷумҳурӣ ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Шарикони асосии тиҷоратии кишварҳои ИДМ Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия дар 3 моҳи соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион доллар, бо Қазоқистон 353,9 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 132,9 миллион долларро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ