Ба тундгароӣ айбдор шудани «перезиденти СССР»

Маъмурони иктишофии Хадамоти федеролии амнияти Русия 26 июл дар шаҳри Зеленоград хонаи Сергей Тараскини 52-соларо бозҷӯӣ карданд, ки худро «президенти СССР» эълом карда буд. Хонаи ҷонибдори Тараскин — Александр Соловеви 52-сола низ кофтукоб шуд.

Аз манзили онҳо маводи садоиву видеоӣ дар бораи фаъолияти созмони «СССР», ҳуҷҷатҳои низомномавӣ ва муҳр пайдо карданд. Бо банди «Даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ» парванда боз гашт.

Тараскин ва Соловев баъд аз бозҷӯии манзилҳояшон ба Кумитаи тафтишотӣ интиқол ёфта, феълан, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуданд.

Дар бораи ҳаракати «СССР» ҳанӯз дар соли 2010 хабар дода шуд. Ба иттилои расонаи «Медиазона», ду сол пеш аз ин, пизишки дандон Сергей Тараскин дар Зеленоград беморхонаи шахсиеро таъсис дод. Вале ба далели буҳрони молӣ он баста шуд. Соҳибкор бо масъулони шаҳрдорӣ барои ихроҷаш аз бино вориди баҳси додгоҳӣ шуд. Ӯ дар яке мурофиаҳо худро «иҷрокунандаи муваққати вазифаи президенти СССР» эълом карда, нахустин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачевро «коргурез» номид.

Сипас Тараскин созмони худро таъсис дода, бо ҳамандешонаш дар шакли «семинарҳои пулакии ташкилкардаи ҳукумати СССР» мулоқот мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *