Ба варзишгарон хона тӯҳфа мешавад, агар…

Дар Бозиҳои XXXIII-уми тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад, 14 варзишгар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Дар робита ба ин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок менамоянд, мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ Раиси шаҳр таъкид намуд, ки варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳр бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таэквондо ва гӯштини озод марбут аст. Давлат Болтаев, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс, Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо, Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки нахустин медали олимпиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Вай дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар намуди гӯштини ҷудо дар вазни то 73 кг барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *