Ба Занҷонӣ хабари маргашро расониданд

Нусхаи ҳукми қатли  Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, расман ба ӯ супурда шуд.

Дар ин бора рӯзи 22 январ Мӯҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон, дар нишасти матбуотиаш хабар дод. Ин ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии Эрон таъйид шудааст. Аммо Эжаӣ гуфт, ҳукми эъдоми ду муттаҳами дигар дар парвандаи Занҷонӣ бекор карда шудааст. Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи “дур задани таҳримҳо” фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, муттаҳам аст, ки дуним миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст. Вай ба дунболи эътирози ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2013 боздошт ва баҳори соли гузашта барои фасоди саросарӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *