Ба Ӯзбекистон 30 рӯз бидуни раводид рафта метавонед

 Тоҷикистон ва Узбекистон ба мувофиқа расиданд, ки сокинони ду кишвар метавонанд ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар намоянд.

 Сайти расмии президенти Узбекистон рӯзи 9-уми март хабар дод, ки дар ин робита зимни мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе, мувофиқа ҳосил шудааст. Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар ин замина изҳороте пахш накардааст. Сайти президенти Узбекистон ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дар робита ба аломатгузории марзи давлатӣ ба мувофиқат расидаанд. Ин манбаъ ҳаҷми тиҷорат дар соли гузашта миёни ду кишварро 240 миллион доллар гуфтааст. Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки ҳаҷми табодули молу коло метавонад дар солҳои наздик то 500 миллион доллар бирасад. Дар музокирот таъкид шудааст, ки бахши стратегии ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва роҳи оҳан рабт мегирад. «Инчуни масъалаи тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа баррасӣ шудааст”,- менависад сайти президенти Узбекистон. Дар поёни мулоқот Шавкат Мирзиёев президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон даъват кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *